Панҷ: Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ
Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки занону духтарони фаъоли ҷамоат дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ» вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре аз раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақсади вохӯрӣ- ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониши занону духтарон буд.
Иштирокдорон дар чорабинии мазкур перомуни мавзӯъҳои мустаҳкамии оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии тарғиби фарҳанги ба мардуми мо бегона, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва суннатҳои волои миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва фаҳмонидани пайомадҳои никоҳи хешу таборӣ сухан гуфтанд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






