Пешгирии нашъамандӣ аз тарафи наврасон
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми нимсолаи аввали соли 2016 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 7 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шуд»,-зикр гардид дар чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, чорабинӣ бо иштироки наврасону ҷавонон доир гардида, дар он «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони соҳавии Беморхонаи марказии ноҳия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо коллективи хонандагону омӯзгорон дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва оқибатҳои он», «Нашъамандӣ-вабо» суҳбату мулоқотҳо доир карда шуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ як моҳ пеш дар бораи нашъамандӣ озмуни «Саҳнаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин» ва «Расми беҳтарин» эълон карда шуда буд. Дар чорабинӣ оид ба мавзӯи пешгирии нашъамандӣ саҳначаи ҷолиб намоиш дода шуда, ғолиби иншои беҳтарин муайян гардид.
Дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ аз тарафи наврасон ба ин озмун расмҳои гуногунмазмун пешниҳод шуданд. Дар чорабинӣ ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ба нашъамандӣ рӯ овардани ҷавонон ва таблиғи тарзи ҳаёти солим давоми 6 моҳи аввали соли 2016 дар ноҳия 58 чорабинии варзишӣ гузаронида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






