Пешгирии ҳодисаҳои нашъамандӣ дар Деваштич
Деваштич, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он таҷлил гардид. Бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» барои коҳиш додани паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истеъмоли ғайритиббии онҳо дар ноҳия мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳия тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, конфронсҳои амалӣ дар мавзӯи «Фарди солим», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон рӯйи кор омаданд ва идома доранд.
Муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев иброз дошт, ки алҳол қарори раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар» ба тавсиб расонида шуд, ки мақсади он муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор, муомилоти ғайриқонунӣ, мубориза ба муқобили паҳншавии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият баҳри пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






