Пешгирии ҳодисаҳои нашъамандӣ дар Деваштич

Июнь 27, 2016 10:13

Деваштич, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он таҷлил гардид. Бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» барои коҳиш додани паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истеъмоли ғайритиббии онҳо дар ноҳия мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳия тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, конфронсҳои амалӣ дар мавзӯи «Фарди солим», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон рӯйи кор омаданд ва идома доранд.
Муовини аввали раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев иброз дошт, ки алҳол қарори раиси ноҳия  «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар» ба тавсиб расонида шуд, ки мақсади он муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор, муомилоти ғайриқонунӣ, мубориза ба муқобили паҳншавии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият баҳри пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб мебошад.

Июнь 27, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд