Пешвои миллӣ ва шахсияти байналмилалӣ (Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» «Тоҷикистон», №15, 15.04. 2016)

Июнь 2, 2016 09:49

Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии  ҷамъиятӣ  ва  амнияти ҷамъиятӣ»   дар баробари масоили дигари  иҷтимоӣ ва  таъмини  амнияти  ҷамъиятӣ бо  назардошти  рушди психологияи  миллӣ  зарурати  Пешвои  миллӣ дар  давраи  тақдирсоз аз  назари фалсафию иҷтимоӣ  мавриди  таҳлил  қарор  дода  шудааст.   Муаллиф  эхтиёҷ  ба  Пешвои  миллиро чун зарурати  мубрами  тахкими   давлати миллӣ  ва якпорчагию субот  таъкид карда қайд  мекунад: «Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафтори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо  эътирофи он нукта зарур аст, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷеабори таърихӣ мебошад. Дар ҳамадавру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари ботавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд»

Асосгузори Сулҳу  Ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон бемуболиға  яке аз шахсиятҳои бузурги  таърихи халқи  тоҷик маҳсуб  меёбад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз марзи  шахсияти миллӣ  берун  баромада, аллакай чун  шахсияти  сатҳи байналмилалӣ  шуҳрати ҷаҳонӣ  пайдо  намудаанд.  Дар шароити  зудтағйирёбандаи  ҷаҳон  давлати ҷавони тоҷик  ба чунин сиёсатмадори   сатҳи ҷаҳонӣ  ниёз  дорад.  Дар  тахкими  пояҳо  ва  устуворсозии бунёди  давлати миллӣ  маҳз  Пешвои  миллӣ  чӣ дар  арсаи  дохилӣ ва чӣ  дар  арсаи  байналмилалӣ  рисолати  таърихиро  иҷро  мекунад.

Таҳлили амиқи  фаъолияти бисёрсоҳаи сёсатмадори  барҷаста Эмомалӣ Раҳмон дар  арсаи  байналхалқӣ  ва дохилӣ  баррасии васееро  талаб мекунад. Ба арсаи  сиёсат омадани  эшон  дар таърихи  навини халқи тоҷик падидаи  нодире буд,ки ватанпарасте дар  шароити душвор ба  майдон  омад, дар гирудори     ҳаводиси мураккаб  обу тоб ёфт ва бошандагони Тоҷикистон  соҳиби  Пешвои  миллат  гардиданд.       Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи  сиёсӣ аз ҷониби  сиёсатмадорони  сатҳи  ҷаҳонӣ эътироф  гардидааст. Академик Евгений  Примаков дар бораи сарвари кишвари  мо навишта буд: « Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон солҳои зиёдест, ки  роҳбарии ҷумҳуриашро  ба  зимма  дорад ва  мамлакатро  бо  роҳи дуруст бурд.  Ҳамчунин  вай дар муътадилсозии авзои дохилӣ мусодат  намуд».

Президенти Федератсияи  Россия Владимир Путин хизматҳои  Эмомали Раҳмонро ҳамчун  намуна барои  роҳбарони  халқҳову мамолики дигар таъкид намуда гуфта буд: « Эмомалӣ  Раҳмон  яке аз  симоҳои  барҷаста  буда, дар байни сиёсатмадорони  ИДМ  мавқеи  намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду чаҳди ў аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ  тавре  пойдор аст,ки назираш  дар ҳеҷ  мамлакате, ки чунин вазъияти муташанич дошт, дида  намешуд.  Ҳар он чӣ оиди  ин масъала дар Тоҷикистон  амалӣ  гардидааст,  мисоли хубест  барои биёр  халқҳову  мамолики  дигар».

Лозим  ба ёдоварист, ки  баргузор гардидани иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ   ва  ба сари  кудрат  омадани   Эмомалӣ   Раҳмон  руйдоди  тақдирсозе буд, ки  миллати тоҷикро аз вартаи бўҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди  давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд. Истиқрори Сулҳ  ва  Ваҳдати  миллӣ  муҳимтарин омиле буд, ки соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти кишвари моро ҳамчун давлати миллӣ ва  пояяҳои  давлатсозии  миллиро  устувор сохт. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносиботи  байналхалқӣ  ворид гардида, бо роҳи инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сўи рушд ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад. Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шароити муайяне фароҳам омад. Ҳадафҳои  стратегии рушди  иқтисодӣ ва  иҷтимоии   мамлакат  муайян гардида, дар ин замина  корҳои бузурге  дар самтҳои  аз бунбасти   коммуникатсионӣ  раҳо намудани  мамлакат, ба даст овардани  истиқлолияти  энергетикӣ ва таъмини  амнияти  озуқаворӣ   анҷом  дода  шудаанд.

Вақте сухан аз истиқрори Сулҳу субот ва  Ваҳдат  меравад, қабл аз ҳама мо бояд омилҳоеро муаян намоем, ки дар истиқрори Сулҳу Ваҳдати  миллӣ ва раванди созандагю  бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Метавон чанде аз муҳимтарин омилҳоро дар раванди истиқрори  сулҳи тоҷикон номбар кард, ҳар кадоме аз онҳо нақши муайянеро дар давраи тақдирсози кишвар ифо намудаанд ва ҳар кадоме аз инҳо барасии ҷудогонаро талаб мекунад. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр  кард.

Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили дар зер номбаршуда баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.

Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ў иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд;

Сеюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷўёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрор ва бе бозгашт намудани сулҳ саҳми арзандае гузоштаанд.

Муссалам аст, ки шахсият дар раванди просесси мураккаб ва тақдирсози сиёсӣ масъулияти бузурге ба дўш дорад. Комёбӣ дар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсўзӣ, фарҳанги сиёсӣ ва кору амали шахсият вобаста аст.

Тавре  маълум  аст.  Тоҷикистон  бо  кишвари ҳамсояи ҷангзада  Афғонистон   дар  тули зиёда аз ҳазор  километр  сарҳад дорад. Ҳифзи  сарҳад  заиф  шуда  буд  ва табиист, ки дар даврони бўҳронӣ ва пурфоҷиа, ки тақдири халқ дар вартаи парешонӣ ва ноумедӣ афтода буд, ба чунин шахсияте зарурат пайдо шуд, ки халқро  бо амал ва кору фаъолияти пурсамари худба ояндаи нек умедвор созад. Ба шахсияте зарурат пайдо шуд, ки  фалсафаи сулҳ  ва оштии миллиро дар ниҳод ва қалби ҳар як сокини Тоҷикистон парвариш намояд. Сиёсати мусолиҳаро чӣ дар арсаи бйналмилалӣ ва чӣ дар дохили кишвар ташвиқу тарғиб намояд. Дар он рўзҳои муқовимати мусаллаҳона, ки боварии мардум нисбат ба ҳамдигар то дараҷае коста шуда буд, шахсияте лозим буд, ки ҷони худро ба хатар гузошта, чун сарвари кишвар ҳамаро бо як чашм дида, ҳарфи созиш, ифоқа, уҳувват, бародарӣ ва сабру таҳаммулро шиори худ қарор дода, умеду бовариро барои ояндаи нек дар зеҳну тафаккури ҳар як сокини Тоҷикистони ҷангзада ба вуҷуд орад. Бешубҳа, бо боварии том ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин гуна шахсиятро дар симои Сарвари ҷавони давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо азму талоши ватандорӣ, бо масъулияти олӣ ва ҷасорати бузурги сиёсӣ дар даврони бўҳронии Тоҷикистон ва барои халқ хеле вазнин ва пурташвиш ба сари ҳокимият омад. Ў масъулияти бузургеро бар дўш гирифт, ки аз он тақдири ояндаи давлати ҷавони миллӣ вобастагӣ дошт. Барои президент дар баробари масъулият ҷасорати бузурге низ дозим буд, ки дар  чунин  давраи  вазнин  зимоми давлатдориро  ба  даст  гирад.

Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро  он  вақт лозим буд, ки борҳо ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба нуқоти доғи ҷумҳурӣ сафар намояд. Хати маши сулҳофаринии худро ба мардум расонад. Таваҷҷўҳ ва дили мардуми озурдахотирро нисбати сиёсати давлати марказӣ гарм намуда, тафаккури оштӣ ва созишро дар ҷомеъа бедор созад ва таҳким бахшад. Ҷомеаи дар он давра парешон ва ба манотиқи муқовимат табдилёфтаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон таҳти таъсир ва нуфузи ғояҳои мухталифи сиёсӣ қарор дошт. Бо давлати марказӣ робитаи камтар доштанд, роҳҳо ва купрукҳо хароб гардида буданд. Як қисми мардум аз фаъолияти ҳукумати  марказӣ иттилооти каме дар ихтиёр доштанд. Боварии як қисми қишри ҷомеа низ бар асари бесарусомониҳо нисбат ба ҳукумат коста шуда буд. Дар ҳамин гунна шароити бўҳронӣ танҳо шахсияте метавонист, то ғояи асосии худро ғояи сулҳ эълон намояд, мардумро сарҷамъ кунад ва дар ақлу зеҳни ҳар як сокини кишвар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ ва ифтхори ватандориро бедор намояд. Аз иҷрои ин вазифаи бузург  ва пурмасъулият Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ баромад. Аз ин рў, халқ дар шахсияти ў роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тимсоли ифтихори ватандорӣ барои мардум табдил ёфт ва иродаи мардумро дар истиқрори сулҳ ва пиёда намудани сиёсати мусолиҳаи миллӣ ба таҳриқ овард, зеҳни мардумро дигаргун сохт ва иродаи ўро ҷанбаи созандагию бунёдкорӣ дод.

Чеҳраи сиёсии шахсият дар давраҳои мухталифи таърихӣ бо шеваю усулҳои гуногун таборуз меёбад. Баъзан кор ва заҳмати бунёдкоронаи халқ ба мақоми шахс вобаста дониста мешавад. Аз сўи дигар комёбиҳои назарраси и ё он кишварро ба ин ё он шахсият нисбат дода, дар натиҷа шахсияти роҳбар ба дараҷае бардошта мешавад, ки ҳатто аз заминаи воқеӣ дур шуда, ба дараҷаи ғайритабии расонда мешавад ва дар ҷомеа тафаккури шахспарастӣ зуҳур мекунад. Вале нақши шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти амалии худ чун лидери эътирофшудаи умумимиллӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо намуд. Ўро зиндагӣ ва вазъи мушаххаси таърихӣ-сиёсӣ ба майдон овард. Ўро вазъияти мураккаб обу тоб дод, нерў ва қобилияти роҳбарии ўро чун лидерӣ умумимиллӣ инкишоф дод. Халқ дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвареро дарёфт, ки дорои ҷасорати бузург ва иродаи мустаҳкам ва дар айни замон дорои дилсўзии хоса мебошад, ки ин сифатҳои сиёсатмадорӣ ва инчунин дили бебоку беғаши ба ҳайси  сиёсатмадори дилсоф, некбин, тозафикр аз назари ҷомеаи байналмиллалӣ низ дур намонд.

Вазъи фалокатбори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанбаи маҳалгароӣ низ дошт, зарурати зуҳури лидери умумимиллиро ба вуҷуд овард. Хусусияти хоси ҷуғрофии Тоҷикистон, ҳайати этникии аҳолии он, рўҳия ва тафаккури қабилгароӣ ва маҳалчигӣ, низоми пештараи тотолитарӣ ба зуҳури лидери умумимиллӣ монеъ мегардиданд. Лозим баёдоварист, ки зуҳури дидери умумимиллӣ аз бисёр ҷиҳат ба сифатҳои шахсии сарварон низ вобастагӣ дорад. Сифатҳои шахсии роҳбар аз назари мардум бояд дур намонад. Халқ лидери худро бояд хуб донад. Ба кори ў, ба фаъолияти амалии ў баҳо дода тавонад. Аз тарафи дигар зуҳури лидери умумимиллӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихороти миллӣ иртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то андозае инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи муаян ба вуҷуд омад. Аз ин рў тафаккури умумимиллӣ метавонад, лидери умумимиллиро тарбия намояд.

Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрўз бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти тозанумўе гардид дар фазои сиёсии Тоҷикистон ва давлатҳои муштаракулманофеъ. / аз байни он қишри ҷомеа ба майдон омад, ки дар замони Шўравӣ дар мақомоти болоии ҳизбу ҳукумат кор накардааст. Аз ин рў шахси мустақил ва дар айни ҳол бо мардум наздиктар аст. Ва тобеи гурўҳҳои мухталифи мақомоти пештараи боло ва номенклатураи болоии ҳизби ҳукмрони вақт робитаи наздик надорад. Бинобар ин дар тасмимгириҳои худ комилан мустақил аст. Симои нуронӣ, суханронӣ, хоксорӣ, таваҷҷўҳи аҳли ҷомеаро ҳамвора ба тарафи ў бештар ҷалб менамуд.

Дар давраи муқовимати қувваҳои мухталиф шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷонибдорони давлат, балки барои мухолифини ҳамонвақта низ ҷолиби таваҷҷўҳ ва дастгирӣ буд. Роҳбарони ҷониби мухолифин дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсеро пайдо намуданд, ки бо ў музокира амудан мумкин аст, зеро ў мухолифинро на душман, балки ҳамватанони худ ҳисоб кард, ақоиди сиёсии онҳоро эҳтиром намуда, барои бозкушоии гиреҳҳои мухолифат саъю талош варзид.

Ибрати шахсӣ, ҳусни ният, масъулиятшиносӣ, муқаддас шинохтани манофеи давлату миллат, тафаккури умумимиллӣ, пойбанди арзишҳои демократӣ, эътрофи ғояҳои гуногуни сиёсӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардиданд, ба рўҳия ва тафаккури собиқ мухолифин низ таъсир расонданд.

Истиқрор ва таҳкими  Ваҳдати миллӣ самтҳои муҳимми ҳаёти  иҷтимоию  сиёсии ва иқтисодии мамлакатро фаро гирифт ва фазои  мусоиди рушдро  фароҳам  овард.

-ваҳдати  сиёсӣ дорои як  қолаби  муайяни демократӣ  гардид,  неруҳои  ватанпараст  дар  асоси ғояи  миллии созанда  дар атрофи  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мутаҳид  гардидаанд;

— ваҳдати  манотиқи кишвар таввасути  шоҳроҳҳои замонавӣ  аз  назари  коммуникатсионӣ  таъмин гардид, ки  на танҳо дар рушди  иқтисодии  минтақаҳо   нақши  бузург  бозид, балки  ба  рушди шуур  ва ҷаҳонбинии миллӣ  мусоидат  намуд:

— ваҳдати  байналмилалии халқҳои Тоҷикистон устувор гардида  чун  давлати демократӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нкишофи  фарҳангии  тамоми қавму халқҳои  мамлакат шароити мусоид   фароҳам овард;

—  ваҳдати  динии  сокинони Тоҷикистон таҳким ёфта, барои  пайравони тамоми адёну  мазоҳиби  бошандагони  мамлакат дар  иҷрои  расму оинҳои диниашон шароити  мусоид  фароҳм  оварда  шуда  онҳо  чун  шаҳрвандони баробарҳуқуқ  дар рушди Тоҷикистон  саҳми худро  мегузоранд.

Таблиғи масъулиятшиносӣ дар даврони тақдирсози Ватан самти асосии фаъолияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт. Маҳз  ибтикори шахсӣ ва масъулияти бузург  барои  тақдири халқу Ватан ба  Сарвари давлат  имконият дод,ки  ба  боварии кулли мардуми Тоҷикистон арзанда  гардад.

Имрўз тоҷикистониён дар фазои сулҳу  оромӣ ба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва итминон доранд, ки ба оромии кишвар осебе намерасад. Зеро Ваҳдат омили  муҳими  тараққиёти ояндаи  мамлакат  ва  беҳтар шудани  сатҳи зиндагии  мардум  мебошад.

Дар истиқрори суббот ва рушди мўътадили ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шахсияти маъруфи давраи ҷадиди таърихи халқи тоҷик, лидери эътирофшудаи умумимиллӣ ва ходими намоёни сиёсати байналмилалӣ  нақши бузурги созандагиро баҳри ояндаи неки кишвар бар дўш дошта, сокинони Тоҷикистонро дар атрофии худ муттаҳид карда, ба меҳнати бунёдкорона барои ободии Ватан даъват  менамояд.Таҳти  роҳбарии  эшон  дар  мамлакат барномаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ  амалӣ  мегарданд.   Дар Тоҷикистон  давлати миллии  иҷтимоӣ  бунёд  мегардад, ки аз пуштибонии ақшори  васеи  мардум  бархурдор  аст.

Шахсияти  ҷаҳоние  чун  Эмомалӣ  Раҳмон  метавонад Пешвои  миллат бошад  ва боиси  ифтихори  ҳар  як  фарди  ин  марзу  бум  бошад. Дар шароити  мураккаби  вазъи  байналмилалӣ  миллат  ба  Пешво  эҳтиёҷ дорад, Пешвои  миллат  омили  Иттиҳод, Якпорчагӣ ва Ҳамраъии  ҷомеаи  Тоҷикистон  мебошад.

Назрӣ   Офаридаев, доктори  илмҳои  филология, профессор

Июнь 2, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд