ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст

Октябрь 15, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2008 инҷониб бо қарори махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15 октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот маҳсуб мешавад. Ин сана бо мақсади беҳтар намудани шароити занон дар деҳот қабул гардидааст.

Дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон қисми муҳими неруи меҳнатӣ, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ занон ба шумор мераванд.

Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои беҳтар кардани шароити зиндагии занони деҳот иқдоми муҳимро амалӣ менамояд. Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ оид ба рушди деҳот, ҷалби занон ба соҳибкорӣ, омӯзиши касбҳои замонавӣ, васеъ намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсиси грантҳои президентӣ кӯшиш менамояд, ки шароити зиндагӣ ва фаъолияти занони деҳот беҳтар гардад.

Сокини деҳаи Ҷаврези ноҳияи Восеъ Раҳима Салимова аз зумраи занони фаъоли деҳот ба шумор меравад, ки дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар самти кишоварзӣ низ фаъолона саҳм мегузорад. Ӯ бо меҳнати содиқона ва масъулиятшиносӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди иқтисодиёти маҳаллӣ саҳми назаррас дорад.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, онҳо дар хоҷагии деҳқонии «Салим Ашур» дар 12 гектар маҳсулоти гуногун кишт менамоянд. Картошта, пиёз, сабзӣ ва зироати ғалладонагӣ аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки дар ин хоҷагӣ парвариш карда мешаванд.

«Мо иқтисоди оиларо аз ҳисоби хоҷагии деҳқониамон пеш мебарем. Ҳосиле, ки ба даст меорем, на танҳо барои истеъмоли рӯзмарра истифода мешавад, балки як қисми онро барои мавсими зимистон захира карда, қисми зиёдашро ба бозор бароварда, мефурӯшем», — мегӯяд Раҳима Салимова.

Меҳнат асоси пешрафти рӯзгор аст. Новобаста аз касбу кор, агар инсон заҳмат кашад, натиҷаи хубро соҳиб мешавад.

«Мо, занони деҳот ба ҳамин реҷаи зиндагӣ одат кардаем. Масалан, дар фасли тобистон ҳар субҳ аз соати 5 то 7 дар замин кор мекунам. Баъд ба муассиса рафта, ба хонандагон дарс медиҳам. Бегоҳӣ боз ба корҳои хоҷагидорӣ машғул мешавам. Шахсан ман то он дараҷа ба корҳои саҳроӣ одат кардаам, ки ҳатто агар ба меҳмонӣ ҳам равам, ҳушу хаёлам ба маҳсулоти парваришкардаам банд мемонад. Рӯзгори мо, занони деҳот аслан ҳамин хел пеш меравад», — бо самимият афзуд Раҳима Салимова.

Раҳима Салимова дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Восеъ омӯзгори фанни забон ва адабиёт буда, беш аз 9 сол мешавад, ки бо муҳаббат ва масъулият ба шогирдон дарс медиҳад.

Таҷрибаи ин зани рӯзгордида намунаи ибрат мебошад, зеро ҳамагон бояд донанд, ки чӣ гуна як зани деҳот метавонад дар баробари иҷрои масъулияти оилавӣ, тарбияи фарзандон ва фаъолияти омӯзгорӣ дар самти кишоварзӣ низ саҳми назаррас гузорад.

Фаъолияти содиқона ва муваффақонаи ин зани омӯзгор нишон медиҳад, ки занони деҳоти тоҷик на танҳо тарбиятгари насли нав, балки ҳомии амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодии маҳаллӣ низ ҳастанд.

Истифодаи самараноки замин ва захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки пайваста аз ҷониби Сарвари давлат таъкид мегардад, аз ҷониби оилаи онҳо ба таври доимӣ амалӣ карда мешавад.

«Дар айни замон ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул ҳастем. Замини наздиҳалигиамонро низ самаранок истифода мебарем. Мо аз бозор сабзавот, мева ва маҳсулоти ширӣ харидорӣ намекунем, зеро ҳамаи инҳоро худамон дар замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ парвариш мекунем», — баён дошт Раҳима Салимова.

Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбари фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускор ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки занони деҳот дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муассир доранд. Онҳо бо меҳнати содиқона ва масъулиятшиносии баланд дар баробари иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ дар пешбурди соҳаҳои муҳими зиндагии ҷомеа фаъолона саҳм мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии барномаҳои давлатии рушди деҳот ва дастгирии занон дар самтҳои гуногун кӯшиш менамояд, ки шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо беҳтар гардад. Арҷгузорӣ ба фаъолияти занони деҳот ва эътирофи саҳми онҳо дар ҷомеа бозгӯйи таваҷҷуҳи давлат ба нақши созандаи занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди мамлакат мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд