Пешвои миллат ва ҷавонон (андешаҳо дар ҳошияи ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита баҳравар гардам.
Тавре дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон буда, аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.
Воқеан, баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони мамлакат шаҳодат дода, зимнан, ишора ба он аст, ки дар шароити тағйирёбии босуръати авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди мо ҷавонон вазифа ва масъулиятҳои нав меистад.
Бояд гуфт, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҷаласа нахуст аз мақому манзалати ҷавонон дар назди давлату ҳукумат ва ватану миллат ёдовар гардида, вобаста ба рушди андешаву тафаккури ин қишри муҳими ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ чунин ибрози андеша намуд: «…истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба маротиб беҳтар шудааст».
Ин гуфтаҳо ҳисси баланди ифтихори мо, ҷавононро аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ тақвият бахшида, кӯшишҳои моро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бештар месозад. Ин маънӣ ишора ба он низ ҳаст, ки соли равон 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва ин сол барои мо соли имтиҳон ва ташаббускорист. Дар ин сол ва минбаъд мо бояд ҳама он ҳиссиёт ва ифтихори ватанпарваронаву миллатдӯстонаи худро, ки нишон аз самимият ва садоқат ба давлати соҳибистиқлоламон аст, бештар бо амалҳои созандаву меҳнати софдилонаи худ собит созем.
Нуқтаи дигаре, ки зимни суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯро садо дод, ин аҳамияти иштироки ҷавонон дар раванди давлатсозии навини тоҷикон буда, махсус чунин зикр гардид: «Мо иштироки фаъоли ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем ва ҷалби ин қувваи фаъоли ҷомеаро барои устувор гардонидани рукнҳои давлатдории навин аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморем».
Тавре аз идомаи матлаб дарёфтем, ин гуфтаҳо дар амал тадбиқ шуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳои нав ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ шудани имконияти ҷавононро ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қонунӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро бо таассуф аз шомил шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва кушта шудани 300 нафари онҳо, инчунин таҳисили ғайриқонунии 370 нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълими динии давлати хориҷӣ ёд карда шуд.
Чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи ободу осудаи халқи тоҷик, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба зарбаҳои мудҳиши таърих дучор шудааст, аз дидгоҳи масъулияти баланди ватандорӣ ва эҳсоси ҳувияту ифтихори миллӣ менигарад, бо назардошти авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷаласаи Шӯро ба ҷавонон чунин таъкид намуд: «Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд. …Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳаммияти бағоят бузург касб менамояд».
Дар ҳақиқат мо ҷавонон набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем, зеро тавре шоҳидем, душманони миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо бо суистифода аз некпиндорӣ ва некбоварии азалии миллати тоҷик иддае аз ҷавононамонро мағзшӯӣ намуда, кӯшиш карданд тавассути ин раҳгумзадагон ҳисси бегонапарастиро дар ниҳоди тамоми миллат ҷо кунанд. Вале, хушбахтона, миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибхираду соҳибтамаддун таҳти сарварии Пешвои худ ба он қудрате расидааст, ки аз манфиатҳои маънавию моддии худ дар ҳама ҷабҳаҳо дифоъ намояд. Имрӯз миллати тоҷик ҷавонони содиқу ватандӯсте дорад, ки бо ҳидоятҳои Пешвои бузурги худ арзишҳои олии ватандориро бо нақди ҷон ҳифз мекунанд.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба касбомӯзӣ даъват намуда, зарур донист, ки «…ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баланд ихтисос эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
Маҳз чунин ғамхориҳои падарона ва эътимоду боварӣ нисбат ба насли ҷавон аст, ки сатҳи омодагии касбии ҷавонон мунтазам баланд гардида, имрӯз 44%-и хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва ҳамакнун бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод ба зудӣ меафзояд.
Ҷои зикри хос аст, ки пас аз баррасии масъалаҳои ба ҷавонон вобаста Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шӯро ва роҳбарияти сохторҳои давлатиро дар анҷоми як қатор тадбирҳои созанда вазифадор намуд. Ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, чораандешӣ барои ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони лаёқатманду ташаббускор, бо ҷалби зиёиён тақвият додани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон доир ба дастовардҳои кишварамон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими корҳои ташвиқотӣ барои ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои ҷаҳони муосир, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ, озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, тадбирандешӣ ҷиҳати баргузор намудани чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ, амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати таъмиру бунёди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, чораҳои ҷиддӣ андешидан вобаста ба паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва баргардонидани ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд, аз зумраи ҳамон вазифагузориҳои қатъӣ мебошанд.
Хулоса, суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, саропо ҳидоятҳои падарона буданд ба хотири ояндаи дурахшон ва ободу осудаи насли ҷавони кишвар. Агар ба чашми таҳқиқ бингарем, ин суханронӣ дар маҷмӯъ барномаест, ки дурнамои рушди маъавию ҷисмонӣ ва мақоми сиёсии ҷавононро дар марҳилаи нави ватансозӣ мушаххас сохта, ҳамзамон интизориҳои давлату миллатро аз мо, ҷавонон дар асоси боварии устувор баён доштааст.
Дар навбати худ, мо, ҷавонони ояндасози Ватан ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун оғози марҳилаи нави ташаббусҳои созанда дарк намуда, бо тамоми масъулият дар роҳи амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона талош менамоем ва бо ифтихор ба чунин боварии баланд сазовор мегардем.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Орзу Ҳамидов, роҳбари намояндагии
ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон