Рӯзноманигорон метавонанд савияи дониши англисии хешро боло бардоранд
Душанбе, 13.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Маркази фарҳангии «Бохтар» дар як якҷоягӣ бо Сафорати Амрико, курсҳои омӯзиши забони англисиро барои рӯзноманигорон ба роҳ мондааст. Рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва ғайридавлатие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, метавонанд дар барнома иштирок намуда, савияи дониши англисии худро боло бардоранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази фарҳангии «Бохтар» хабар доданд, донишҷӯёне, ки дар факултаи рӯзноманигорӣ таҳсил доранд, низ ҳуқуқи иштирок дар барномаро доранд. Барнома ройгон буда, барои як сол дар назар дошта шудааст. Курсҳои номбурда иштироки довталабонро дар зинаҳои савияи элементарӣ то савияи баланд ба роҳ мондаанд.
Барнома аввали моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






