Рекорди дастаи мунтахаби Бразилия дар бозиҳои Ҷоми Амрико-2016

Июнь 9, 2016 10:17

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи рекордии бозиҳои Ҷоми Амрико-2016 дар вохӯрии байни дастаҳои Бразидлия ва Гаитӣ гузошта шуд. Мухлисон дар ин бози шоҳиди 8 гол гардиданд. Дастаи мунтахаби Бразилия дар вохӯрии нахустинаш дар силсилабозиҳои Ҷоми Амрико-2016 бо тими мунтахаби Эквадор яке аз бозиҳои дилгиркунандаи ин мусобиқотро нишон дод. «Сеҳргарон»-и бозии футбол- бразилиягиҳо натавонистанд он маҳорату истеъдоде, ки доранд, ба кор баранд ва вохӯрӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 ҷамъбаст шуд. Аммо дар бозии дуввуми худ даспарварони Дунга хатои бозии аввалро ислоҳ карда, дарвозаи дастаи Гаитиро зери «борони» тӯб қарор доданд ва бо ҳисоби 7:1 ғалаба карданд. Ба ҳамлагари тими мунтахаби Бразилия Филиппе Коутинё муяссар шуд, ки дар ин вохӯрӣ муаллифи се гол шавад ва аввалин хет-трикро дар мусобиқоти Ҷоми Амрико ба вуҷуд орад. Ренато Агусто ду маротиба, Габриэл Барбоза, Лукас Лима  ва Ҷеймс Марселен низ ҳамчун муаллифони гол номи худро дар протоколи бозӣ сабт карданд.
Дастаи мунтахаби Гаитӣ аз дастаҳои на он қадар қудратманди Ҷоми Амрико муаррифӣ мешавад. Дар бозии гузашта ин тим аз пешсафи гурӯҳи «Б» -мунтахаби Перу бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Дар бозии дуввуми рӯз мунтахаби Перу вохӯриашро бо тими мунтахаби Эквадор бо натиҷаи 2:2 анҷом дод. Акнун дар ин гурӯҳ бо 4 имтиёзӣ Бразилия ва Перу пешсаф мебошанд.
Дар идомаи ин бозиҳо субҳи рӯзи дигар Уругвай бо Венесуэла ва Мексика бо Ямайка аз гурӯҳи «С» вориди майдон мешаванд.

Июнь 9, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд