Саҳми бонувон дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон назаррас аст

Июнь 29, 2016 10:04

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар бинои китобхонаи ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб бо иштироки бонувони фаъол дар мавзӯи «Нақши занон дар Ваҳдати миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре  аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ кормандони Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, идораю муассисаҳои давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб ва аҳли зиё иштирок намуданд.
Иштирокдорон  дар чорабинии мазкур дар атрофи моҳияти маҳсули ваҳдат, саҳми бонувон дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон, аз ваҳдат маншаъ гирифтани ҳаёти осоиштаи бонувон дар замони муосир зарурати гиромидошти сулҳу оштии халқи тоҷик суҳбат оростанд.

Июнь 29, 2016 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе