Сафири Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон Эътимоднома супорид
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Содиқ Имомӣ эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов супорид .
Пас аз маросими супоридани Эътимоднома Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни суҳбат Сафири Тоҷикистон С . Имомӣ изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбекистон ба харҷ хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






