Семинар: «Назорати марбут ба хавф»

Июнь 3, 2016 11:24

Душанбе, 03.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимӣ барои соли 2016 бо иштироки намояндагони Маркази ҳамкории техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо бонкҳои марказӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон  барои мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии БМТ дар мавзӯи «Назорати марбут ба хавф» семинари cерӯза гузаронд.
Мутахассисони  Маркази ҳамкории техникии Дойч Бундесбонк бо бонкҳои марказӣ Йорн Флеглер ва Мартин Фрей дар бораи тартиби дохилии баҳодиҳӣ ба сармоя (ICAAP ва SREP) дар фаъолияти мақомоти назоратӣ, тартиби додани иҷозатнома барои хизматрасониҳои молиявӣ, баҳодиҳӣ дар назорат, назорати сармоя, таҳлили шаклҳои баҳодиҳии хавфҳо, воридоти сармояи иловагӣ ва кам кардани хавфҳо, фишор-санҷиш ҳамчун қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳои бонкӣ дарсҳои таълимӣ гузарониданд.
Дар баробари ин, иштирокдорони семинар оид ба талаботи барномаҳои Базел II ва Базел III маълумоти умумӣ дастрас намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани донишу малакаи кории мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба ҳисоб меравад.

Июнь 3, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик