Шӯҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид

Июнь 6, 2016 17:14

Душанбе, 06.056.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6-уми июни соли равон  Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад  оҳангсози  шинохтаи тоҷик Шӯҳрат Ашуров  раиси Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, тарбияи кадрҳои ҷавони оҳангсозу мусиқишиносон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқро баррасӣ намуданд.

Пас аз интихоб шудан ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, композитор Шӯҳрат Ашурови 54-сола ба журналистон гуфт, ки ният дорад барои композиторони ҷавон мактаби махсус ташкил кунад. «Мактаб барои истеъдодҳои наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кушода хоҳад шуд. Ба ин васила, мо азм дорем, ки насли ҷавони композиторонро ба воя расонем», — тазаккур дод ӯ.
Композитор Шӯҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, композиторони маъруф, ба мисли Ёқуб Сабзанов, Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар омӯзишгоҳи мусиқавии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский, дар синфи К. Баташов таҳсил намудааст. Соли  2001 Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То интихоб шудан ба раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекард.

Июнь 6, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад