Синамогарони озарӣ бо фаъолияти синамогарони тоҷик аз наздик шинос шуданд

Июнь 11, 2016 12:42

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи синамогарони озарӣ бо фаъолияти синамогарони тоҷик аз наздик шинос шуданд. Ба онҳо аз ҷониби масъулони Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» таҷҳизоти наворбардорӣ, танзим, филмҳои дар даврони истиқлолияти далватӣ наворбардоришуда, дастовардҳои муҳим, иҷрои нақшҳо бо касбияти баланд ва дигар паҳлӯҳои наворбардорӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар суҳбат синамогарон оид ба баланд бардоштани сифати кори наворбардорӣ, васеъ кардани фазои ҳамкории ҳарду ҷониб, мустаҳкам гардонидани робитаҳо, дастрасӣ доштан ба имкониятҳои техникаи муосири наворбардорӣ, ки дар замони мо аҳамияти баланд дорад, фикру ақидаи худро баён дошанд. Онҳо омодаанд, ки дар таҳияи филмҳо бо ҳам ҳамкорӣ карда, барои соҳаи кино саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатри «Ҷавонон» филми ҳунарии «Адвокат куҷост» ба тамошо гузошта шуд.

Июнь 11, 2016 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик