Соҳаи маорифи ноҳияи Лахш дар тӯли 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил гардид
Лахш, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи маорифи ноҳияи Лахш дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин солҳо зиёда аз ёздаҳ мактаб ба истифода дода шуд. Агар шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991-ум 48 адад бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 61 адад расидааст, ки ин барои бо таълими асосии ҳатмӣ фаро гирифтани кўдакону наврасони синни мактабӣ басанда мебошад. Агар шумораи умумии хонандагон дар соли 1991 ҳамагӣ 12197/5819 нафарро ташкил намояд, ин шумора дар соли 2016 ба 13084 нафар расидааст, ки аз ин 6376 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Ба мақсади иҷро ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фақат дар чор соли охир шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 61 адад, шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 5 адад расонида шуд, ки дар ин раванд муассисаҳои таълимии №54, 57, 58, 59, 60 ва муассисаи давлатии литсейи хонандагони болаёқат дар ноҳия аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии навтаъсис мебошанд.
Муассисаҳои томактабии дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол, Янгишаҳр, Пилдон ва Муксу дар маҳалли навбунёди Чоргул аз нав таъсис дода шуд, ки ин иқдом натиҷаи таваҷҷуҳи бевоситаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия нисбат ба соҳаи маориф мебошад. Аз ҷумла, ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва бо суръат идома доштани сохтмони бинои замонавӣ низ яке аз иқдом ва дастгириҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илм ба ҳисоб меравад.
Барои боз ҳам беҳтар намудани кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар назди шуъбаи маориф дар баробари Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, инчунин Маркази технологияи информатсионӣ ва Маркази рушди истеъдодҳо бо се воҳиди корӣ таъсис дода шуд, ки ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






