Ташкили барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 3.06.16./АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои истироҳатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои таъмини иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва шоирону нависандагон дар ҷойҳои баргузории чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешад.
Ҳамзамон муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ тамоми шароити заруриро ҷиҳати ташкили чорабиниҳои мазкур муҳайё созанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






