Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ шомил гардид

Июнь 16, 2016 09:21

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмаи Умумии СММ интихобот барои узвият дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он 18 аъзои нави Шӯрои мазкур интихоб гардиданд. Дар овоздиҳӣ аз 193 кишвари аъзо 185 кишвар ширкат намуданд. Тоҷикистон, ки дар қатори Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея дар Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором қарор дорад, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърихи худ ба узвияти Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.
Дар баробари Тоҷикистон аз Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, инчунин Чин бо 182 овоз, Аморати Муттаҳидаи Араб бо 180 ва Ҷумҳурии Корея бо 179 овоз интихоб гардиданд.
Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (ЭКОСОК) майдони аслии СММ барои матраҳ намудани андешаҳои инноватсионӣ дар соҳаи рушди устувор ва баҳс перомуни онҳост. ЭКОСОК яке аз шаш ташкилоти асосии СММ ба шумор рафта, соли 1946 дар асоси Низомномаи СММ ташкил шудааст.
Тибқи Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид, ЭКОСОК ба сифати ташкилоти асосӣ масъули ҳамоҳангии фаъолияти 14 муассисаи махсуси СММ, 9 комиссияи босалоҳият ва 5 комиссияи минтақавӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин Шӯро, ҳамчунин минбари марказии баррасии масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон, коркард ва омодасозии тавсияҳо вобаста ба сиёсат барои кишварҳои аъзо ва сохтори СММ буда, ба ин манзур аз 11 Бунёд ва Барномаи марбут ба Созмони Милали Муттаҳид маъруза дарёфт мекунад.
Кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пурра бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, коркард ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти байналмилалӣ дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ доираи фаолияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро минбари асосии  байниҳукуматӣ барои баҳс дар атрофи масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дониста, хоҳони тақвияти нақши ин созмон дар ҳамоҳангсозии сиёсат ва фаъолият барои ҳалли масоили фавқуззикр, инчунин  расидан ба ҳамбастагии мутавозини се бахши рушди устувор мебошад.

Июнь 16, 2016 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик