Тоҷирони тоҷику рус роҳҳои беҳтар намудани ҳамкориро баррасӣ намуданд

Июнь 21, 2016 09:42

Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкоронро, ки зери роҳбарии намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» ба вилоят ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мулоқот масоили рушди ҳамкории тарафайн дар самти савдо ва тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои табиати нотакрор буда, анвои зиёди меваҷоти боғпарварони тоҷик дар Русия харидорони худро доранд.
Дар аснои суҳбат роҳбари ҳайати меҳмонон Михаил Кораблин изҳор дошт, ки соҳибкорони рус хостори бештари тақвияти ҳамкорӣ дар самти харидории меваю полезиҳои деҳқонони тоҷик ҳастанд.
Раиси вилоят зикр сохт, ки вилояти Суғд ҳавасманди устувор намудани мавқеи худ дар бозорҳои Русия аст. Аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти ташкили корхонаҳои муштарак низ фаъол бошанд.
Пас аз анҷоми мулоқот дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонон ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар баргузор шуд. Тоҷирони тоҷику рус роҳҳои беҳтар намудани ҳамкориро дар ин ҳамоиш баррасӣ намуданд.

Июнь 21, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд