То оғози бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 ҳафт рӯзи дигар боқӣ монд

Июнь 3, 2016 10:35

Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 июн бо вохӯрии байни дастаҳои Фаронса ва Руминия бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол оғоз меёбанд. Дар мусобиқаи имсола бори аввал дар таърихи ин бозиҳо 24 даста дар 6 гурӯҳ вориди рақобат мешаванд.
Макони баргузории бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо ҳанӯз 28 маи соли 2010 дар Женева -Фаронса интихоб шуд ва дар ин кишвар маротибаи сеюм бозиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд.
Қисме аз дастаҳои иштирокдор аллакай ба мавқеи интихобкардаашон ба Фаронса ҳозир шуданд ва мутахассисону коршиносон дар ин поя пешгӯиву тадқиқоти худро оғоз кардаанд.
Тибқи хабаргузории ширкати «Opta», тими мунтахаби Ирландия аз ҳама дастаи солор дар ин бозиҳо муаррифӣ мешавад. Синни  миёнаи футболбозони ин даста ба 29 солу 9 моҳу 15 рӯз баробар аст. Дар ин нишондод дастаи мунтахаби Русия дар мақоми дуюм аст (29 солу 3 моҳу 26 рӯз).
Ба панҷгонаи солорӣ дар синну соли дастаҳои мунтахаб Чехия (29 солу 2 моҳу 8 рӯз), Словакия (28 солу 10 моҳу 24 рӯз) ва Италия ( 28 солу  10 моҳу 19 рӯз) шомил шудаанд.

Июнь 3, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд