Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон асоси ифтихори ватандорист

Июнь 24, 2016 15:40

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров дар бораи моҳияту аҳамияти ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик гуфт, ки маҳз ваҳдати миллӣ имкон дод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувортар гардад ва халқ ба ояндаи хеш боварӣ пайдо кунад. Бо шарофати ваҳдати миллӣ кишвари мо тавонист ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузорад ва он асоси бозсозӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини суботи сиёсии кишвар мебошад.
-Имрӯзҳо рисолати ҳар яки мо- ин аз таърих сабақ гирифтан ва бо фаъолияти густурда ва амалу корҳои шоиста таҳким бахшидани ин неъмати бебаҳост,- гуфт Ш.Хайров.
Узви Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саид Ахмедов дар бораи мафҳуми ваҳдати миллӣ ва моҳияти он иброз дошт, ки ваҳдат танҳо  шиор нест, балки он уфуқест, ки миллатро ба сӯи худ даъват менамояд. Арзишҳои миллӣ ва забон унсурҳои асосии ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Агар ҳар як нафар арзишҳои миллиро муқаддас донад, бешубҳа, ваҳдати миллӣ таҳким меёбад ва ягон омили беруна, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ ба он таъсир расонда наметавонад.

Июнь 24, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад