Ваҳдати миллӣ–эҳёи Тоҷикистон

Июнь 21, 2016 14:08

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сўйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст».    

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як санаю рўйдоди таърихӣ, хоҳ хурсандибахшу сарнавиштсоз бошаду хоҳ ҳузнангезу тақдиршикан, ба ҳукми таърих ҳавола мешаванд. Санаи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Инак, нуздаҳ соли эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, нуздаҳ соли худсозӣ ва худшиносию худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ, муҳимтар аз ҳама, нуздаҳ кадами устувор дар роҳи сохтори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешаванд. Сулҳу суботе, ки дар   натиҷаи ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Ин ҳуҷҷат ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Ба андешаи мо, дар Рўзи ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: «ваҳдат» ва «истиқлолият» ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст.

Мафҳуми «Ваҳдатӣ миллӣ» – афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳоро ифода  менамояд, зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.   Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Инчунин бояд тазаккур дод, ки ваҳдат маънои ягонагиро дорад. Ягонагӣ дар андешаҳо, ақидаҳо, ягонагӣ дар мақсаду маром, интихоби пешбурди ҳаёт, таҳкими давлатдорӣ, ягонагӣ дар бархўрдор гардидани одамон аз неъматҳои зиндагӣ ва қадршиносӣ кардани заҳмати онҳо. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некўаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шурўъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеҷ гоҳ фаромўш накунем, ки пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтааст. Воқеан, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавӣ»-и ҷовидонааш ваҳдат, дўстӣ ва робитаи неки инсонҳоро аз ҷумлаи рисолати азалию аввалини башар мешуморад ва чунин мефармояд:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем…

Яъне, Мавлоно мухолифи қисмат кардани инсонҳо ва ҷудоию парокандагист. Ҷудоӣ инсонҳоро чунон ба нестӣ мебарад, ки аз ҳастии худ безор мешаванд, ҷудоӣ ҳаётро ба дараҷае хору забун ва тираю тор месозад, ки дуди оҳу ҳасрати мардум ба фалак мепечад. Маҳз ана барои ҳамин гузаштагони мо ваҳдатро шиори зиндагии худ қарор дода, ба ин васила пояҳои давлатдории худро мустаҳкам гардонда буданд.

Ҳангоми таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ дар пеши назари мо  бори дигар он рўзҳои даҳшатнок, нангину вазнин ва дилхароши солҳои 1992-1997 ҷилвагар мегарданд. Модаре  набуд, ки фарзандашро гум накарда бошад, зане, ки шавҳарашро аз даст надода бошад ва хонаводае, ки  дур аз Ватан  ғариб  нашуда бошад. Дар ин давра 25 000 занон шавҳарони худро аз даст додаанд, 55 000 кўдакон ятим монданд, беш аз 100 000 нафар ҷони худро аз даст доданд,  30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сўзонда, садҳо биноҳою иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва идораҳои давлатӣ харобу валангор гардиданд. Зарари моддии кишвар қариб 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил кард.

Дар ин росто зарур мешуморем, ки нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ниҳоди сарварӣ дар пойдор намудани ваҳдати миллиро зикр намоем.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрўзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Таърихи башарият давраҳои пурмоҷаро, шигифтовару тақдирсозеро аз сар гузаронидаву бурду бохти давлатдорон, эътимоди ватандорӣ ва нақшаҳои сиёсатмадорони миллату қавмҳоеро дар тарозуи ҳақиқатнигор ба мизони маргу нобудӣ ва ё ҳастию мавҷудият баркашидааст.

Ва чунин дасисакориҳову низоъҳои байнихудию бегонагон борҳо миллати тавонгари моро низ дар ин вартаи ҳалокатбор дучори нокомиҳову мушкилоти гӯшношуниде гардонидааст, вале хушбахтона, боз ҳам неру, иродаи қавӣ, худшиносӣ ва андешаву зеҳнияти баланди миллӣ аз роҳи худсўзӣ тавонистааст онро бо музаффариятҳои тоза ба тоза аз дигар ҷиҳат муаррифӣ намояд. Номашро дар саҳифаҳои сангину рангини таърих бо зарнавишти вожаи «тоҷик» ҳаккокӣ созад ва дар нақшаи ҷуғрофии ҷаҳон гўшаеро бо номи «Тоҷикистон» инъикос намуда, шарафи халқеро чун симои воқеии як миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ба мардуми ҷаҳон шиносонад. Ин ҳама дастовардҳо бе мубориза, бе дахолати дасти бегонагону гирудори мансабталошони худӣ, бе низоъҳо ва ба бор овардани даргириҳои дохилӣ, албатта, ба осонӣ муяссар нашудааст. Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиқлоли тоза сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш–Тоҷикистон шинохт. Вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт. Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории ҷадиду мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои давраи навини рушд, боло гузоштани манфиатҳои гурўҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷа фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ, авҷ гирифтани қувваҳои ба ном «демократӣ», вазъи тезутунди сиёсӣ, тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат, авҷи аълои маҳалгароӣ ва зўроварӣ, бесарусомонию саргардонӣ – чунин буд вазъи сиёсии давлати тозаистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта. Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шўрои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллати тоҷик ба зиммаи худ гирифт, кафили таъмини сулҳу осоиш ва пойдории давлат гардид.

Тамоми воқеаҳо ё рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он кишвару миллатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд, аз шаҳре, майдоне, қасре ё мавзее сарманшаъ мегиранд ва ҳамчун рамзи ин воқеаҳо абадӣ мемонанд. Агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи инкишофи  техникии Фаронсаву Аврупо манораи «Эйфел», аҳромҳои Миср рамзи тавоноии шоҳон, «Фиръавнҳо»-и ҷаҳон, Тоҷмаҳал рамзи бунёдкорию ишқи беолоишу самимӣ бошанд, Қасри Арбоб дар таърихи мо тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани волотарин муқаддасотамон–Истиқлолияти комили миллиямон мемонад ва бо гузашти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад.

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олиро ёдовар мешавему мебинем, ки то расидан ба ин рукни муқаддас чӣ роҳҳои мушкилгузарро сипарӣ намудем ва дар охир ба кадом комёбиҳо ноил гаштем.

Тибқи Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи навбатӣ  дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Азбаски ба тақдири кишвар тамоми аҳли зиёии ватандӯст, шахсиятҳои маъруф, намояндагони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ бетараф намемонданд, ҳама барои иштирок дар ин Иҷлосия ба шаҳри Хуҷанд омада буданд. Рўзи аввал, яъне 15 ноябри соли 1992  бо иштироки онҳо ва депутатҳои халқ машварат гузаронида шуд, ки онро Маҷлиси миллӣ эълон доштанд.

Дар ин Иҷлосия 197 вакили халқ ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазокистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, ходимони илм, фарҳанг, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ ва дигар намояндагони расонаҳои ахбори дохиливу берунӣ иштирок доштанд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Аҳамияти таърихии он дар муайян намудани сохтори давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани усулҳои асосии давлатдорӣ  бениҳоят калон аст. Иҷлосия роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ–бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию идеологӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдорӣ менамуданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гашта, таҷассуми худро минбаъд дар Конститутсия ёфт.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамин иҷлосия ҳукумати нав бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Ӯ аз рўзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба принсипҳои  башардӯстона нишон дод. Ин бузургмард тавонист ҷараёни иҷлосияро бо андешаи воло ва иқдоми наҷибаш дигар намояд. Ў савганд ёд намуда, зикр кард, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони он содиқ хоҳад монд. Ў аз ҷумла гуфт: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Аллакай аз оғози кор дар иҷлосия якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз сиёсати инсондӯстонаи сарвари давлатамон шаҳодат медиҳанд ба монанди: «Қонун дар бораи авф», «Дар бораи гурезаҳо», дар бораи дастгирии оилаҳое, ки бесаробон мондаанд ва имтиёзҳо ба маъюбон қабул карда шуданд. Ин садоқату самимият дар ҷараёни хидматҳои бисёрсолааш дар назди халқу Ватан бармало собит ва рўшан гардиданд. Сарвари давлат муҳимияти масъалаи баргардонидани гурезаҳоро бо тамоми ҳастиаш эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргаштани гурезаҳо ба Ватан маънои обод кардани хонаю деҳаҳои сўхта, киштзорҳои поймолшуда, марҳами захмҳои ғарибӣ ва азобу кулфатҳои мусофириро дошт.

Муҳимтар аз ҳама, маҳз тавассути бозгаштан ба Ватан имкони дарки хатои содиршуда ва бахшиши гуноҳи якдигар ба даст омад, ки омили муҳими таъминсозандаи сулҳу салоҳ гашт.

Дур аз Ватан қарор доштани гурезаҳо ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат таъсири бевоситаи худро мерасонд. Пеш аз ҳама, мардуми ғарибгашта, ки аслан гуноҳе надоштанд, метавонистанд барои қувваҳои манфиатдор ҳамчун воситаи ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок истифода гарданд. Махсусан, ин ҳолат дар Афғонистон, ки вазъи сиёсии ноором дошт, барои мардуми мо мушкилиоти сангинеро пеш овард.

Баргардонидани гурезаҳо яке аз омилҳои муҳими таъмини ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб мешуд. Маҳз аз ҳамин сабаб Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат изҳор намуда буд, ки «… то як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва факат худи ў қодир аст ватанашро обод намояд.

Дар асл Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳаёти халқу давлати мо ҳамчун воқеаи таърихӣ боқӣ монд. Ин Иҷлосия мардуми моро, ки чун киштии бепаноҳ монда буд ва ҳар замон тўфони ҳаводис аз ғарқ шудан ва нестӣ огаҳаш мекард, раҳоӣ бахшида, масири ҳаракат, чароғи роҳнамои онро муайян намуд ва фарзанди гавҳаршиносу тўфоннабардаш Эмомалӣ Раҳмонро сари фармони он бозовард ва  ин киштӣ бо роҳнамоии ў ба соҳили мурод расид.

Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ ба ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштаанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд. Хусусияти фарқкунандаи фарҳанги нави сиёсӣ дар он буд, ки марҳалаи ноороми инкишоф дар роҳи таҳкими он метавонист мушкилиҳои зиёдеро ба бор орад. Аммо таҷрибаи сиёсӣ нишон дод, ки  барои пайдоиши фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа зарурати таърихӣ ба миён омада буд, зеро ҳамаи он бархурди ақидаҳо, ки сабаби асосии даргириҳо гашта буданд, натавонистанд, ки манфиатҳои умумиллиро аз манфиатҳои шахсию гурўҳӣ боло гузошта, чунин арзишҳоеро тарғибу ташвиқ намоянд, ки воқеан ҳам ҷавобгўйи талаботи ҷомеа бошанд. Акнун ба тарафҳои мухолиф лозим буд, ки бо назари дигар ба воқеият баҳо дода, таҳаммул ва созиш, гузашт ва бахшидани якдигарро чун пояи устувори фарҳанги нави сиёсӣ эътироф намоянд.

Ташаккули низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳалаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ мебошад.  Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳалаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии ин ниҳодро имрўз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат  баръало эҳсос намоем.

Ҳамин тариқ, мо имрўз метавонем бо ифтихор изҳор намоем Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.

Сулҳе, ки дар Тоҷикистон пойдор гардидааст, самараи кору пайкор, ранҷу машаққат ва ҷонфишониҳою қаҳрамониҳои ҳазорҳо фарзандони ҷоннисори Ватан аст, ки онро аз даруни оташи ҷанг берун оварда, дар оби чашми модарон ва ашки ятимон шустушў додаанд. Ин сулҳ қимати ҷони ҳазорон ҷавонони пурармон аздунёрафта ва арзиши бақои умри миллатро дорад.

Аз ин рў, ҳифзу нигаҳбонӣ аз он кори ҳар шахсест, ки Ватану миллат барояш азизу муқаддас аст.

М.  Камолова, номзади  илмҳои сиёсӣ,
муовини сардори Раёсати омўзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2016 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент