Вазифаи ҳар шахси бедордилу худшинос ҳифз намудани дастоварди бузурги миллӣ мебошад

Июнь 10, 2016 09:39

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.
Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Имсол мардуми сарбаланди тоҷик нуздаҳумин солгарди Ваҳдати миллиро дар  фазои сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон  гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хочагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Тавре ҳама дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатии кишвар гурӯҳҳои алоҳидаи сустирода  таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашиданд.
Тавре ки мо аз саҳифаҳои таърих бархурдор ҳастем, дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию  нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои таъсисдодааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз нестшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ расид.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тавонист, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд орад.
Бо шарофати кӯшишу талошҳои Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон-  сулҳу субот дар Ватан комёб гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кӯшиш намоем.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳими таърихӣ- 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи маъмурияти осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто», дар толори намоишгоҳи ошёнаи якуми осорхона гӯшаи муваққатии наверо бо номи «Диёри ваҳдатофаринам- Тоҷикистон» бо шиору навиштаҷот омода намуда, ба маърази тамошобинон гузоштаем.
Мо насли ҷавони зодаи даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, аз саҳифаҳои таърихи гузаштаи худ ба хубӣ огоҳӣ дорем, ки ин сулҳи деринтизор  боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарин ва иродаи неки миллати тоҷик, кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат буд. Аз ин рӯ, мо насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишвар вазифаҳои шаҳрвандии худро, ки аз ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ иборат мебошад, ҳаматарафа ҳифз намуда, дар  хуррамии Ватан ва таҳкими якпорчагии кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем.

Эмомалӣ Набиев, ходими илмии
Осорхонаи таъриху кишваршиносии
вилояти Хатлон ба номи «Авасто»

Июнь 10, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст