Ёвари муфтии Миср дар бораи хатари ҳизби ифротии наҳзат дар Тоҷикистон ва минтақа

Июнь 15, 2016 17:22

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Миллати исломӣ шояд бемор гардад, вале асло намемирад. Ин миллат – миллати пирӯз ва омурзида аст. Миллате, ки пайрави накӯтарини Пайғамбарон — пайрави Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ  бод) мебошад.

Вабое, ки ҷасади ин миллатро оҳиста-ҳиста хӯрда истодааст, асари захмаҳояш дар саҳнаи имрӯза намудор гардид. Шахсоне дар зоҳир мусалмон —Худованд аз ботину ниятҳои онҳо хабардор аст— баъд аз он ки миллати муттаҳиду зӯрмандро парокандаву заиф гардонида, сарзамини онро валангор карданд, мо аз онҳо умеди фардо надорем. Онҳо, ки дастпарварди душманони исломанд, қонунҳоеро дар дини Ислом ҷорӣ намуданд, ки Худовандро аз он хуш намеояд. Бо даъвои ҳамфикру ҳаммазҳаб набудан мардумро ё кофир ва ё фосиқ номгузорӣ намуда, хуну моли мардумро барои хеш ҳалол пиндориданд.

Аҷиб дар он аст, ки онҳо мисли каламуш аз таги замин мебароянд, аз кишварҳое, ки дар он садои ҳақ аз садои ботил пасттар аст. Онҳо худ аҳли ботиланд ва фикрҳои пасту ботили худро мунташир месозанд. Яке аз донишмандони донишгоҳи Азҳар гуфт: “Қадами ин мардум наҳсу бебаракат аст, зеро онҳо бо дӯстони накӯкори Худованд душманӣ доранд. Онҳо худ сохтаи душманони Ислом буда, барои пора-пора намудани миллати исломӣ ва  қатли донишмандони он истифода мешаванд. Худованд онҳоро ба азоби сахти худ гирифтор мекунад”.

Худованди бузург мефармояд: “ва инчунин аст (муҷозоту) гирифти Парвардигорат, ҳангоме ки фурӯ гирад ва муҷозот кунад шаҳрҳоро, ки (мардумаш) ситамгор бошад. Бегумон (муҷозоту) гирифти Ӯ дардноку сахт аст”. Пас, агар каме андеша кунем, мебинем, ки Худованди таоло онҳоро ба сабаби душманиашон ба Ислому мусалмонҳо пора-пора гардонидааст ва ҳол он ки худ сабаби пора гаштанашонро дарк намекунанд. Ин масъала дар гурӯҳҳои салафияи тундгаро бо сардории Усома бин Лодин, “Ихвон-ул-муслимин”,ҳизби наҳзат ва Толибон равшан гашта, баъд аз пора гаштан имрӯзҳо худ ба худ меҷанганд.

Дар як нишастам бо устоди бузург аллома Абдулҳодӣ ал-Қалубӣ, шогирди устод Ҳассофӣ (Худованд раҳматашон кунад), ки дар 108- солагӣ дунёро падруд гуфт, дар бораи асосгузори “Ихвон-ул-муслимин” чунин гуфт: “Ман аз Ҳасан Бано хоҳиш намудам, то гурӯҳи Ихвонул-муслиминро барҳам занад. Аммо Ӯ ин хоҳишамро рад кард. Пас ба ӯ гуфтам: Ин гурӯҳ дер ҳам бошад, пароканда мегардад”. Бале, донишмандон бо фиросат (илми яқин)-и худ пасомади ин корҳоро хуб дарк мекарданд. Онҳо парокандашавии ин гурӯҳҳоро эҳсос мекарданд. Ҳар вақте ки “Ихвон-ул-муслимин” паси номҳои гуногун дар кишварҳои дигар ҷаомату гурӯҳҳо месохт, ба зудӣ он ҷамоатҳо пароканда мегардиданд. Намунаи онҳо Ҳизби Ҳуррия ва Адолат дар Миср, Ҷамоати Ихмонулмуслимин дар Тунис ва Либия, Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мебошад.

Ҳамчунин Тоҷикистоне, ки бо ёрону дӯстони Худованд ҳифз гардидааст, аз пасомадҳои нохуши ин гурӯҳ, ки худро “Ҳизби Наҳзат” номгузорӣ намуда буданд, эмин ёфт. Ин гурӯҳ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои донишмандони дигарро қабул надоштанд ва ҳамчунин барои хеш муфтӣ таъйин намуда буданд.  Аз навиштаҷот ва китобҳои онҳо бармеомад, ки онҳо аз ақида ва асосҳои “Ихвон-ул-муслимин” пуштибонӣ мекунанд.

Гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср аз байн рафт, аммо Ислом боқӣ монд. Ислом ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт. Ҳамчунон ки ҳизби Наҳзат дар Тоҷикистон пора-пора гашт ва Ислом боқӣ монд, зеро онҳо сохтаи душманони Худо мебошанд. Ҳамчунон ман шукр мекунам Худовандро, ки гурӯҳи “Ваҳҳобия”-и салафӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнуъ эълон гаштааст.

Худованд онҳоро баъд аз хунрезиҳое, ки дар он 14 нафар аз афроди низомӣ ба ҳалокат расид, дигарбора комёб нахоҳад кард. Фарзандони он нафарони низомӣ ятим шуданд, ҳамсаронашон бева монданд, ашки гарони модаронашон рехт ва болои корхонаҳо ҳамла намуданд… пас суоле ба миён меояд: Оё ин аст Ислом? Ин корро Пайғамбари Худо ба кофирҳои Макка раво надошт, пас чӣ гуна болои мусалмонҳое, ки шаҳодати тавҳидро мегӯянд, ин амали зиштро раво доштанд. Хотиррасон мекунам, ки онҳо гӯё бар зидди давлати кофир ҳуҷум намуданд.

Пас аз он ки бар зидди кишвар ҷангиданд, мамлакатро хароб карданд ва аз Ислом суиистифода намуданд, Худованд онҳоро хору залил намуд. Маблағҳои пулию молии воридгашта ва аслиҳаи барзиёди онҳо аз кадом сарчашма барояшон дастрас мегашт?!!!  Аз ин рӯ воҷиби Ҳукумат аст, то барои пешгирии чунин ҳизбу гурӯҳҳо фаъол бошад.

 

Ёвари муфтии диёри Миср
Абу Ҳасани Азҳарӣ

 

Июнь 15, 2016 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Шаҳринав дар 300 гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар Ҳисор як саги бесоҳиб ба 8 нафар осеб расонид, ки 5 нафари он кӯдакон мебошанд
Дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади пешгирии паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд
Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд
Дар шаҳри Турсунзода кишти чигит ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ вусъат меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад
Кишоварзони ноҳияи Фархор дар беш аз 9 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борон меборад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, шанбе, 109-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид