“Забони тоҷикӣ, таърихи воқеӣ ва ростин”, “Устод Айнӣ зидди хурофот буд”, “Пеши касе сар хам накунед” — шарҳи матбуот
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмии “Ҷумҳурият” (№102, 28.05.2016) маълумоти расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 22 майи соли равон баргузор гардид, ҳамчунин матни тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ “Дар овоздиҳӣ 4 059 422 нафар шаҳрванд ва ё 92 фоиз иштирок карданд. Аз ин шумора 3 834 862 нафар ва ё 94,5 фоиз ба тарафдории “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 134 877 ва ё 3,3 фоиз ба муқобили он овоз доданд. Шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шуданд, 89 683 ва ё 2,2 фоиз буд. Ба комиссияҳои раъйпурсӣ ва судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ягон муроҷиат ё арзу шикоят ворид нагардидааст. Аз ин рӯ, қарор дар бораи дохил намудани “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабулгардида ҳисобида шуд”. Дар шумораи мазкур ҳамчунин суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки 27 майи соли 2016 дар толори Китобхонаи миллӣ баргузор шуда буд, бо сарлавҳаи “Истиқлолият роҳи ҷавононро ба бунёдкориву созандагӣ боз кард” ва хабари расмӣ аз суҳбати телефонии Сарвари давлат бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешкаши хонандагон шудаанд.
Шумораи рӯзи чоршанбеи “Ҷумҳурият” (№ 104, 01.02.2016) Иттилоия аз баргузор шудани маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабари муфассал нашр карда, ҳамчунин барқияи Пешвои миллатро ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф чоп намудааст. Дар саҳифаҳои 2 ва 3 хабару мақолаҳои ҷолиб аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пешкаши хонандагон гардидаанд.
“Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд” – бо ҳамин суханони президенти Русия Владимир Путин шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” (02.06.2016, №105) аз нашр баромад. Муҳтавои шумораи мазкури нашрияро мақолаҳои “Ҷавонон: Пешвои миллат барои мо идеал аст”, “Забони тоҷикӣ, таърихи воқеӣ ва ростин”, “Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули оила“, “Талоши роҳсозон ба хотири ҷашни Ваҳдат”, “Минаҳо то ки натарканд…”, “Чилучорчашма муаррифӣ намешавад, чаро?” ва дигар хабару навидҳо ташкил додаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта (28.05.2016,№69) мусоҳибаи фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналиро бо сарлавҳаи “Марзи давлатӣ аз хатар эмин аст” чоп кардааст. Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ зикр кардааст, ки “Дар се моҳи аввали соли равон бештар аз 300 кило маводи нашъаовар мусодира гардида, 54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ ва 34 ҳодисаи вайрон кардани реҷаи сарҳади давлатӣ пешгирӣ шудааст. Ҳамрадиф бо ин, 126 нафар вайронкунандаи сарҳад, 73 нафар вайронкунандаи низоми сарҳадӣ боздошт гардиданд. Дар се моҳи аввали соли равон дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад ҳашт маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Аз вайронкунандагони марзи давлатӣ 12 яроқи оташфишон, 200 муҳимоти ҷангӣ мусодира гашт”.
“Садои мардум” аз 31 майи соли 2016 (таҳти рақами 70) гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27-уми май таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардида буд, бо сарлавҳаи “Қабули се қонуни мукаммал ва тасвиби созишномаҳо ҷиҳати рушди иҷтимоии кишвар” пешкаши хонандагон кардааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи мазкур лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ”, “Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва дигар санадҳои муҳими давлатиро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Хабар дар бораи бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Иҷлосияи якҷояи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт интихоб гардидани роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудааст.
Шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (02.06.2016, №71) аз муҳокимаи парламентӣ бо сарлавҳаи “Барномаи рушди саноати сабук: таҳлил, хулоса ва натиҷагирӣ” гузориш чоп кардааст.
“Народная газета” (01.06.2016, №23) мақолаҳои “Пеши касе сар хам накунед”, “Дастатро деҳ, хурдсол”, “Фоҷеаро садо накун…”, “Асрори ғалаба”, “Дастони мӯъҷизаофар”, “Хушбахтӣ дар оиладорист” ва дигар хабару маводи хонданиро дарҷ намуда, аз ҳаёти рӯзмарраи шарҳи саноатии Турсунзода гузориши муфассал бо аксҳо пешкаши хонандагони худ кардааст.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи назми нашрия шеърҳои нави Алимуҳаммад Муродӣ, дар саҳифаи наср ҳикояи Сорбон “Олуғдамард”-ро пешкаши мухлисон кардааст. Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳои “Шарҳи як ғазали Бедил”, “Рисолати Рустаму Аваз якест”, “Оинаи қаднамои адабиёти куҳан”, “Устод Айнӣ зидди хурофот буд”, “Соҳибистиқлолӣ ва истиқлоли андеша”, “Таърихномаи миллат” чоп ва мусоҳибаи хабарнигори АМИТ “Ховар” бо муовини вазири адлия Шаҳноза Анварро бо сарлавҳаи “Номи зебо – ҳусни инсон” бознашр шудаанд.
“Минбари халқ” – аз нахустҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки 27-уми майи соли равон дар Душанбе баргузор гардида буд, гузориш ва суханронии Пешвои миллатро дар ин ҳамоиш пешкаши хонандагон намудааст. Дар рубрикаи “25 иқдоми бузург ба 25 солагии истиқлолият” нашрия мақолаи “Тоҷикистон – маҳзари нур”-ро чоп карда, мақолаи Имомназар Ҳақназарро бо сарлавҳаи “Бетарафӣ худфиребӣ аст” дарҷ намудааст. Муаллиф чунин навиштааст: “Дар қарни 21 дар сари роҳ фурӯхтани нон ва дигар маводи ғизоӣ, ки ба ягон талаботи одитарини санитарӣ ва фарҳанги тиҷорат ҷавобгӯ намебошад, ба нафъи эътибори пойтахт намебошад…”.