Зарари офати табиӣ дар Лахш

Июнь 21, 2016 11:47

Лахш, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боришоти зиёди борон дар ноҳияи Лахш ва зиёд гардидани сатҳи оби дарёи Сурхоб, зиёда аз 300 метри километри 250 -умини шоҳроҳи мошингарди Душанбе- Лахш пурра хароб гардид, ки барои барқарор намудани он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор техникаҳои роҳсозӣ сафарбар карда шуд, ки қисмати зарардидаи роҳи байналмилалиро барқарор кунанд.
Тибқи иттилои мутахассисон барои пурра барқарор намудани ин қисмати роҳи байналмилалии соҳили дарёи Сурхоб, бояд аз корҳои таркишии кӯҳ истифода шавад, ки дар он ҳолат роҳи мазкур кушод гардида, бехатарии гузашти мошинҳо таъмин мешавад.
Айни замон барои рафтуомади мошинҳо кормандони идораҳои марбута роҳи муваққатӣ ташкил намудаанд, ки ронандаҳо бо мушкилӣ аз ин роҳ мегузаранд.

Июнь 21, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!