Пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон пас аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2016 17:38

(Ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст)

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд гиромӣ дорем, эҳтиром намоем, онро ба мисли гавҳракаи чашм эҳтиёт намуда, аз насл ба насл интиқол бидиҳем. Ин Истиқлолият нав 25 сола шуд. Маҳз ҳамин Истиқлолият буд, ки тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба якдигар бештар пайванд шуданд. Барои пойдории забон ва фарҳанг тоҷкии форсии дарӣ даст ба даст дода, фаъолият менамоянд. Хушбахтӣ аст, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон ҳазорон ҳазор ҳамзабонони мо Тоҷикистони азизро хонаи муҳаббати худ мешуморанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар садаҳои пешин, то даҳсолаҳои аввали асри ХХ, байни тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои гуногуни олам рафтуомадҳо озод буд. Чунки дар он замон дар сарҳади кишварҳо барои равуои мардум мамонияти чандоне вуҷуд надошт. Вале то ҳадде дар чанд сад соли ахир рафтуомадҳо суст буд. Забон ва фарҳанги муштараки мо кам-кам аз ҳамдигар ҷудо мешуд.

Бахусус дар солҳои мавҷудияти давлати абарқудурати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (СССР, 1922-1991) бо сабабҳои сиёсӣ рафту омади тоҷикон ба кишварҳои форсизабон (Эрон ва Афғонистон) хеле суст шуд. Бахше аз мардум дар солҳои 20 ва 30-и садаи бист аз Ватани аслии хеш фирор карда, дигар ба зодгоҳи худ барнагаштанд. Дар натиҷа чанде аз тоҷикони Осиёи Миёна дар кишварҳои гуногуни олам паҳн шуда, ҳамеша бо ёди диёр дар ғурбат умр ба сар мебурданд.

Ҳамчунин дар замони Шўравӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан, таҳсил дар мамолики гуногуни олам, иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ хеле кам буд. Агар буд, фақат бо иҷозати ҳукумати вақт буд. Ба ҳар ҳол пас аз солҳои панҷоҳи садаи бист, агарчи хеле кам бошад ҳам, бо иҷозати давлат баъзе адибон, олимон ва ҳатто муҳоҷирон низ ба кишварҳои хориҷ мерафтанд ва аз он тараф низ меомаданд.

Дар соли 1991 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро сартосар бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фаро гирифт. Моҳ ба моҳ зиндагии моддӣ ва маънавии мардум бад шуд. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон ду неруи мухолиф ба зидди якдигар қарор гирифтанд, вазъияти ҷумҳурӣ боз ҳам бадтар гашт. Ҳазорон-ҳазор тоҷик, аз атроф ба шаҳр, аз деҳа ба деҳа, аз ноҳия ба ноҳия, дар кишварҳои ҳамсоя ва дур гуреза гаштанд, ватанро тарк карданд. Дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ марзҳо таҳти назорати худашон қарор гирифт. Сол ба сол кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ марзҳои худро идора мекардагӣ шуданд ва фақат аз тариқи иҷозати расмӣ (бо виза) аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан расмӣ шудан гирифт. Миллионҳо хешу табор, ҳамзабон, ҳамсояи наздик бо мушкилот ба дидори якдигар мерафтанд.

Дар чунин як марҳалаи сарнавиштсоз идора кардани кишвари Тоҷикистон заиф шуд. Вазифахоҳон зиёд шуданд. Ҳукумати муваққатӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти ҳукумати муваққатӣ низ натиҷаи дилхоҳ надод.

Дар натиҷа аз ҷониби неруҳои солими сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 4 декабри соли 1991) баргузор шавад. Маҳз ҳамин иҷлосия барои Тоҷикистон ва тоҷикон нақше бозид, ки арзиши он дар саҳифаи таърих беназир аст. Агар ин иҷлосия баргузор намешуд, оқибат чӣ мешуд, ба гуфти мардум «Худо медонад». Нақшаҳои сиёсии хориҷиён барои аз байн бурдани миллат ва давлати тоҷикон зиёд буд, хушбахтона ҳамааш барбод рафт.

Иҷлосияи ХVI   Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва он дар бораи интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қарор кард: Мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад».

Ин фарзанди фарзонаи миллат дар ҳамаи гуфторҳои хеш дар ҳамон сол ва баъдҳо низ бо сўзу гудоз, бо суханони ҷонкоҳи ростин такрор ба такрор ёдовар мешуд, ки ба миллат ва кишвар барои ҷонашро нисор кардан омода аст. Fз ҳамаи сиёсатмадорон хоҳиш мекард, ки даст ба дасти якдигар дода, содиқона кишварро аз вартаи фалокат раҳо намоем. Масалан, дар охири ҳамон соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарду алам гуфта буданд: «Ватани азизамон ба майдони куштор, хонаи ободамон ба вайрона, тўйхонаамон ба мотамсаро табдил ёфт. Тоҷик дар мулки худ гуреза шуд, тоҷик аз тоҷик тарс пайдо кард. Зеро дар Тоҷикистон ҳуқуқпоймолкунии беҳаду ҳудуд ба амал омад, оддитарин ҳуқуқи инсонӣ – ҳуқуқи зиндагӣ поймол гардид…

Бовар дорам, ки сокинони Тоҷикистон ақлу хирадро пеша мекунанд, ба ҷанги бародаркушӣ хотима мебахшанд, аз як гиребон сар мебароранд ва Ватани маҳубубамонро дар наздиктарин муддат аз буҳрони сёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебароранд, оромиву шукуфоии онро таъмин менамоянд. Орзуву умеди тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамин аст ва Ҳукумат ҳама тадбирҳоро меандешад, то ин орзуву умед ҷомаи амал пўшад» (декабри соли 1992).

Ин суханонро эшон аз дилу ҷон мегуфтанд.

Дар ин суханҳо нияти поки Сарвари кишвар ҳис карда шавад ҳам, мардум намедонистанд, ки оқибати ин кор низ чӣ мешавад. Тахмин мекарданд, мегуфтанд ва аз тариқи расонаҳои хабарӣ менавиштанд, ки ин интихоб ҳам дуру дароз нест. Фақат шахсони дурандеш, миллатдўст, ватанпарвар аз ҳамон рўзи интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки дар сари қудрат касе омад, ки садоқат ба миллат ва Ватан дорад. Дар суханони ў дар ҳамон рўз ишқ ба миллат, Ватан, сулҳ, адолат, бародарӣ, пешрафти иқтисод, сиёсати одилона бо ҳамаи кишварҳои олам ва аз ҳама муҳим баргардондани тоҷикони гуреза, ҷустори тоҷикони дар замони Шўравӣ аз Ватан ҳиҷрат карда ва пайванд шудан бо ҳамзабонони дар кишварҳои гуногуни олам мавҷуд буда, садо медод. Аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори садҳо масъалаҳои муҳими зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ назари нек доштанд, ки дар соли 1993 чунин гуфта буданд:

Чунон ки маълум аст, Анҷумани якуми тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр шадид, дар шароите, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, барпо гардида буд. Имрўз Ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани дуввуми тоҷкони саросари ҷаҳон дар шароити нави таърихӣ – дар шароити хотима ёфтани ҷанг доир мегардад. Чунин шароит дар натиҷаи амри воқеӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон ба даст омад” (1993, 8 сентябр).

Бале, натиҷаи ҳамин иҷлосия буд, ки рўз ба рўз, ҳафта ба ҳафта, сол ба сол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ созандагӣ шурўъ гардид. Ҳанўз дар ҳамон соли 1993 ҳангоми ҷаши Истиқлоли кишвар бо таваҷҷуҳ ба пайванди бештари тоҷикон, ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо, он кас гуфта буданд:

Хушнудӣ болои хушнудист, ки ҷашни Рўзи истиқлоли ҷумҳурӣ ин дафъа ҳам бо Анҷумани умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар як вақт баргузор мегардад. Воқеан ҳам созмон ёфтани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бо таъмини истиқлолияти кишвари тоҷикон сахт алоқаманд мебошад. Метавон гуфт, ки таъсиси Анҷуман яке аз муҳимтарин самараҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинобар ин, беҳуда нест, ки он маҳз дар нахустин ҷашни Рўзи истиқлоли сарзамини бостонии тоҷикон тавлид ёфтааст” (1993, 8 сентябр).

Дар он солҳо вазъ мураккаб буд. Ба ҳамон вазъи мураккаб нигоҳ накарда бо пешниҳоди Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар 12 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” ба кори худ идома дод, ки дар он номи созмон аз «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» табдил дода шуд, ҳамчунин номи рамзии худ “Пайванд”-ро низ нигоҳ дошт ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари кишвар, Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” интихоб шуд. Дар ҳамон сол, дар суханронии худ,  дар ҷаласаи Анҷумани Пайванд, муҳтарам Президент чунин гуфта буданд:

«Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ҳамчун созмони байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он барқарор намудани муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои фарҳангии тамоми мардумони тоҷикзабон аст, дар зарфи як соли мавҷудияти худ ба нирўи эҳсосшавандаи ҳаёти маънавии ҷомеа мубаддал гардид. Агар ҷумҳурии мо дар боби мустаҳкам намудани дўстиву ҳамкорӣ бо халқҳои бародар, ривоҷ додани алоқаҳои маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкили маъракаҳои фарҳангии байналмилалӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида бошад, дар он бештар саҳми Анҷуман мавҷуд аст. Имрўз, ки ваҳдати мардуми тоҷик ва иттифоқи тамоми қавму миллатҳои сокини ҷумҳурӣ аҳамияти калон пайдо кардааст ва ҳусни тафоҳуми байни халқҳо чун обу ҳаво зарур аст, нақши Анҷуман боз ҳам равшантар хоҳад шуд.

Агар меҳмонони Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзии мо дар ин амр саҳм бигиранд, барои Тоҷикистон, ки Ватани ҳамаи мову шумост, хидмати бузурги таърихиеро анҷом хоҳанд дод” (1993, 8 сентябр).

Ҳамин тавр баъди  интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд”, фаъолияти ин Анҷуман боз ҳам густурдатар гардид. Аз соли 1993 то соли 1996 тамоми аъзои дохилӣ ва хориҷии Анҷуман бо Сарварии Президент барои ваҳдат, пайванд ва барқарории сулҳу амният дар кишвар талош намуданд.

Кормандони расмии Анҷумани “Пайванд” тавонистанд, дар солҳои навади садаи бист, қариб 30 гурўҳи ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабононро аз 17 кишвари гуногуни ҷаҳон бипазиранд. Онҳоро бо дастовардҳои илмию фарҳангии кишварамон ошно созанд, ки дар байни меҳмонони Анҷумани Пайванд чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, соҳибкорон ва дўстдорони фарҳанги тоҷикон буданд. Ҳар кадоме бо нияти нек мехостанд ба ободии ояндаи Тоҷикистон ва пайванди бештар бо ҳамзабонон ҳисса бигзоранд.

Дар ҳалқаи меҳмонони ҳарсолаи Анҷумани Пайванд ҳамчунин шахсоне низ буданд, ки бо амри сарнавишт дар нимаи аввали асри бист, ё ҳатто аз он пештар падарону бобоҳои онҳо ба кишварҳои дигар рафта буданд ва дигар ба ватани аслии худ барнагаштанд. Бархе аз ин азизон хешу табори худро меҷустанд ва бо онҳо иртибот барқарор мекарданд ва бархи дигар бо мақсади ошноӣ бо суннатҳои фарҳангии ниёгони худ ба дидани Тоҷикистон ва мардуми шарифи он меомаданд. Дар ин рафту омадҳо онҳо аз меҳмонавозӣ, самимият, хушбархўрдии мардуми озодаи тоҷик лаззат мебурданд. Бо дидани табиати дилрабои Тоҷикистон, фарҳанги суннатии тоҷикон, яъне расму оин, маъракаҳо, маросимҳо, ҷашнҳо ва ба хусус аз иҷрои суруду тарона, рақсу бозӣ, шефтаи ин мардум мешуданд.

Дар давоми солҳои навади асри бист қариб сад нафар ҳамзабонон ва ҳамватанони хориҷии мо дар Тоҷикистон хешовандон ва наздикони худро пайдо карданд, ки дар ин кор Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзанда дорад. Ҳангоми ибрози назар намудан ба ҳар кору фаъолияти Сарвари кишвар ба пеши назар маҳз иҷлосияи ХVI ҷилвагар мешавад.

Дар тўли ин солҳо Анҷумани «Пайванд” бо марказҳои мадании тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Фаронса, Инглистон, Олмон, Шведсия, Канада, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, баъзе аз кишварҳои арабӣ  робита пайдо кард, ки ҳамаи ин аз баракати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Чорумин ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд” дар сентябри соли 1999, дар рўзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ва 1100-солагии давлати Сомониён баргузор гардид, ки дар он бо меҳру самимият Президенти кишвар гуфта буданд:

Бисёр хушнудам, ки шуморо дар ин рўзи барои тамоми тоҷикони ҷаҳон фараҳбахш шодбош мегўям!

Дар ин толор дар баробари симоҳои шиносу дўстони деринаи Тоҷикистон чеҳраҳои нав ҳузур доранд, ки ин гувоҳи афзудани сафи дўстону хайрхоҳони Тоҷикистон аст.

Мо дар симои ҳар яки шумо бародарону хоҳарони худ – намояндагони тоҷикони ҷаҳонро мебинем, ки ба тақдири мамлакат ва ояндаи мардуми мо бетараф нестанд.

Аз ин рў, ҳамаи шуморо ба ифтихори Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон самимона табрик мегўям ва умедворам, ки ин Анҷуман барои таҳкими робитаҳои дўстонаи тоҷикони ҷаҳон, тақвияти худшиносии миллӣ ва пойдории таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нақши муҳим мебозад”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Дар он рўзҳои ҷашнӣ дар идомаи суханонаш Президенти кишвар бо муҳаббат аз решаҳои таърихии мо, ки бо давлати Сомониён вобаста аст ва эҳёи тоҷик ба он рўзгорон пайвастагӣ дорад, ёдовар шуда буданд:

“…Ҳар як халқу миллат дар тўли мавҷудияти худ дер ё зуд даврони шукуфоӣ ё тиллоии таърихашро аз сар мегузаронад. Ҳазору сад сол пеш аз ин дар аҳди Сомониён миллати тоҷик чунин як давраи дурахшони эҳёи хешро аз сар гузаронида буд…

…Эҳёи тоҷик, ки дар замони Сомониён ва гаҳвораи фарҳанги мо – Бухорову Самарқанд сурат гирифта буд, чунон муассир ва оламгир буд, ки ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошт”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Ин суханонро ҳамзабонони мо дар кишварҳои гуногуни олам мешуниданд ва ё онро яке ба дигаре бо шеваи гуфтори худ мегуфтанд, ки дар натиҷа шунавандаи он майл ба ҷониби Тоҷикистон мекард. Бале, ҳар тоҷику форсизабоне, ки дар кишвари хориҷӣ зиндагӣ мекарду аз ин гуфтаҳо огоҳ мешуд, бечуну чаро хоҳиши дидани Тоҷикистон менамуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ва миллатдўст бо ишорат ба иштирокчиёни ҳамзабони ҷашн, яъне тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ, ки аз кишварҳои гуногуни олам ташриф оварда буданд, дар ҳамон соли 1999, чунин нуқтаеро иброз намуданд, ки онҳоро ба ваҷд оварда буд:

Вале як чиз мусаллам аст, ки теъдоди зиёдтари тоҷикон берун аз марзҳои Тоҷикистони имрўза зиндагӣ ба сар мебаранд ва мо барои ба қадри имкон қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти фарҳангии онҳо масъулияти маънавӣ дорем.

Шумо имрўзи Тоҷикистонро ба чашми худ дидед. Бисёр мехостем, ки дар кишварҳои худ барои фаҳмондани воқеияти зиндагии мо саҳм бигиред, бо кўмаку дастгирии моддиву маънавии худ дар рушду нумўи Тоҷикистон ширкат намоед”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Дар ҳамоиши чорум, дар фарҷоми суханони худ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форисзабонони ҷаҳон – Пайванд” бо ишорат ба меҳмонон чунин гуфта буд, ки дар чашми баъзе аз меҳмонон ашк ҳалқа мезад ва аз ин гуфтаҳо ишқи бештар ба тоҷику Тоҷикистон мебастанд:

Чун ҳаммиллату ҳамзабони шумо бисёр мехоҳам ба Тоҷикистон рафту омади доимӣ, ҳамкориҳои судбахш дошта бошед, самимияту эҳсоси бародаронаи тоҷикистониёнро ба хешу табору дўстон, ба фарзандону наберагонатон расонед, то онҳо низ бидонанд, ки дар идомаи давлати таърихии Сомониён имрўз бо номи Тоҷикистон кишвари сулҳҷўву фарҳангпарваре ҳаст, ки оғуши гармаш барои хайрхоҳон, дўстону пайвандон ҳамеша боз аст!”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Пас Истиқлолоят ва бахусус пас аз иҷлосияи ХVI намояндагони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон роҳи васеъ боз шуд. Ҳар сол теъдоди ошиқони Тоҷикистон зиёд гардид. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ҳар касе, ки ба ин кишвар сафар менамуд пас аз бозгашт ба мамлакати хеш аз тоҷику Тоҷикистон ба хешовандону дўстонаш пайғоми нек мебурд. Ин пайғоми нек боиси он мешуд, ки аз кишварҳои гуногуни олам ҳамзабонон, дўстдорон, пажўҳандагон, сайёҳон озими диёри мо бишаванд.

Соли 2006 дар ҳамоиши шашуми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд”, Раиси ин Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешрафтҳои кишвар ишорат намуда гуфта буданд:

“Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз нахустин рўзҳои таъсисёбии хеш мақсад дошт, ки робитаҳои фарҳангӣ, илмиву адабӣ, иқтисодиву тиҷоратиро бо ҳамватанону ҳамзабонони дуру наздик ба роҳ гузошта, қабл аз ҳама ба таблиғи афкори инсондўстӣ, интишори арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи ёдгориҳои маданию таърихии тоҷикон ва мероси адабиву фарҳангии форсизабонон кўшиш кунад.  Дар давоми панҷ Анҷумани гузашта аксари Шумо, меҳмонони гиромӣ, ба кишвари мо ташриф оварда, мушоҳида намудед, ки Тоҷикистони тозаистиқлол сол то сол дар тамоми риштаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. (соли 2006, 8 сентябр).

Соли 2006 аз ҷониби Сарвари кишвар “Соли тамаддуни ориёӣ”, эълом шуд. Дар баъзе аз кишварҳои олам, баъзеҳо бо ҳайрат нигаристанд. Гумонҳо, шубҳаҳо, андешаҳои гуногун зиёд шуд. Вале пас аз он ки ба таҷлили ҷашн омаданд ва гуфтаҳои Президенти кишварро шуниданд, ин амалро хуш пазируфтанд, ки эшон чунин гуфта буданд:

“Агар меъёрҳои умумӣ ва низоми муштараки ахлоқӣ барои тамоми мардуми сайёра мавҷуд мебуд, пас арзишҳои муштараки умуминсонӣ устувор мемонданд, кўшишҳои бартариҷўии як идеология бар идеологияи дигар, як дин бар дини дигар ва як ҷаҳонбинӣ бар ҷаҳонбинии дигар аз миён мерафтанд.

Мо дар ин раванд ҷашни Соли тамаддуни ориёиро беҳуда пеш нагирифтем. Ҳадафи бузургдошти ин чорабинии фарҳангӣ аз намоиши бартарии мардуми мо бар дигар миллату халқиятҳо нест. Мақсад пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарин мебошад.

Мо мехоҳем ба ҷаҳониён ахлоқи ҳамидаи ориёиро, ки бар пояи се арзиши волотарини инсонӣ «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» устувор аст, талқин кунем, дар густурдани роҳҳои нави ризоият, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо мусоидат намоем». (Соли 2006, 8 сентябр).

Сол то сол Тоҷикистон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ пешрафт дорад. Инро дар тамоми минтақаҳо метавон дид. Агар бодиққат ба зоҳири пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе назар андозем, мушоҳида менамоем, ки дар таи чанд соли ахир он қадар зебо шудаст. Ҳамчун мисол метавон ба чанде аз он ишорат намуд: Қасри миллат, Боғи Рўдакӣ, Наврўзгоҳ, Боғи Пойтахт, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, мактабу литсейҳои зиёд, бинои 23 табақа ва ғайра.

Инак, дар даҳ соли аввали садаи ХХ1 ҳазорон-ҳазор тоҷикон ба кишварҳои гуногуни олам бо барономаҳои илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ сафар карданд ва баръакс ҳазорон ҳамзабонон аз хориҷ ба кишвари мо омада, бо ҳаёти моддӣ ва маънавии Тоҷикистон ошно шуданд.

Ҳоло дар марказҳои эроншиносии кишварҳои гуногуни олам, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, Италия, Юнон, Шведсия, Норвегия, Амрико, Канада, Ҷопон, Ҳиндустон ба омўзиш ва пажўҳиши фарҳанги тоҷикон ва Тоҷикистон диққат медиҳанд. Пажўҳандагони зиёд ба кишвари мо омада расму оин, фолклор, лаҳҷа, ҳунарҳои мардумӣ ва монанди инро мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор дода, асарҳои илмӣ менависанд.

Дар айни замон фарҳангиёни тоҷик низ бо дастовардҳои пешрафтаи кишварҳои гуногуни олам ошно гардида, онро барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон истифода менамоянд.

Барои омўзиш ва пажўҳиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар ДМТ низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, дар факултети филологияи ДМТ дар раванди дарсҳо аз забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги мардуми ҳамзабон ёдоварӣ мешавад. Ҳатто аз ҷониби кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ адабиёти муосири Афғонистон ва Эрон аз ҷониби устодон тадрис мегардад.

Дар факултети таърихи ДМТ «Маркази илмӣ-таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” амал менамояд, ки бо таҳқиқ ва таҳлили фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамзабонон машғул аст. Дар факултети журналистика низ ба воситаҳои ахбори ҳамзабонони бурунмарзии мо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ДМТ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои дигари кившар ҳоло садҳо донишҷў, унвонҷў, аспирантҳои ҳамзабон таҳсил намуда, қариб ҳар моҳ аз бахшҳои гуногуни илм аз рисолаҳои илмии худ дифоъ менамоянд.

Ҳамаи ин аз самари пурбаракати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар ин гуфтори мухтасари дар ин ҷо ба чанд нуқтае ишорат менамоям, ки ба пайванди тоҷикон ва форсизабонон иртибот дорад:

  1. Аз ҳама муҳим Пешвои миллат аз ҳамон рўзи нахустини интихоб шуданашон ба мақоми забони тоҷикӣ диққати махсус доданд, ки дар тўли 25 сол дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт. Яке аз омилҳои муҳими пайванд ба кишвари мо маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ба забон буд, ки ҳазорон форсизабонони сокини кишварҳои гуногуни олам ва марказҳои илмии эроншиносӣ бо Тоҷикистон иртиботи наздик пайдо намуданд.
  2. Иртибот бо тоҷиконе, ки дар кишварҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд зиёд шуд. Дар гузашта ин иртибот хеле каму ночиз буд. Ҳоло дар кишварҳои гуногуни олам ҳазорон тоҷик таҳсил менамоянд, ки онҳо низ Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногуни олам пайванд менамоянд.
  3. Бисёре аз ҳамзабонони мо, ки бо сабабҳои сиёсӣ, ҷанг ва муҳоҷират аз кишвари аслии худ Эрон ва Афғонистон фирор намуданд, ҳамеша дар ишқи забону ватани аслии худ буданд. Ин ашхос дар симои забони тоҷикӣ ва кишвари Тоҷикистон забон ва кишвари худро пайдо намуданд. Ҳоло ҳазорон ҳамзабонони мо, ки аз Афғонистон ва Эрон ба кишварҳои қитъаҳои олам Аврупо, Амрико, Австралиё, Осиё, Африқо ҳиҷрат намудаанд ва дар он ҷо умр ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон омада, аз забон ва фарҳанги миллии тоҷикони ҳамзабони хеш лаззати маънавӣ мебаранд.
  4. Дар замони Шўравӣ рафтуомадҳои фарҳангӣ дар байни кишварҳои ҳамзабон, бахусус Эрон ва Афғонистон хеле кам буд. Дар таи ин ду даҳсола ин қадар зиёд шудааст, ки дар бораи он метавон китобе навишт. Ҳамчунин ҳазорон ҳамзабонони мо аз кишвари Афғонистон ба кишвари мо муҳоҷир шуда, дар канори ҳамтаборони худ зиндагӣ менамоянд. Ҳазорон эронӣ ба кишвари мо барои корҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ омада, аз забон ва фарҳанги ҳамгуни худашон лаззат мебаранд.
  5. Дар таи ин солҳо иртиботи пажўҳандагони тоҷик бо марказҳои омўзишӣ ва пажўҳишии эроншиносии дунё зиёд шуд. Хусусан дар марказҳои эроншиносии дунё ба ин забон ҳамчун муродифи забони форсии дарӣ диққат медодагӣ шуданд. Забон ва кишвари тоҷикон таваҷҷуҳи пажўҳандагони улуми инсонии кишварҳои хориҷиро ба худ кашид. Ба ин кишвар дар тўли ду даҳсолаи охир ҳазор олимон, донишҷўён, сайёҳон ташриф оварданд, ки яке аз самараҳои беназири Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
  6. Дар ин муддат ҳазорон тоҷики касбу корашон гуногун ба кишварҳои хориҷӣ рафта, миллат ва кишвари моро муаррифӣ намуданд.
  7. Ҳоло садҳо хориҷиён дар дохил ва берун аз кишвар ба омўзиши забон ва фарҳанги тоҷикон машғул ҳастанд.
  8. Қариб ҳар сол сарояндагони кишварҳои ҳамзабон ва ё овозхонони сокини кишварҳои хориҷӣ ба кишвари мо меоянд. Садҳо ҳунармандони тоҷик ҳар сол ба кишварҳои хориҷӣ рафта, ҳунари суннатии дилписанди тоҷикиро ба ҷаҳониён ошно менамоянд.

Ҳар қадар оқилона ва одилона ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, ҳамон қадар ба пеши назар шаъну шукӯҳи миллат ва кишвар пеши назар дурахшонтар ҷилавагар мешавад.

Акнун фурсати бештари он расидааст, ки даст ба дасти ҳам дода, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии бештари миллат ва кишвар талош варзем, бо корҳои неки худ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар ва миллати тоҷикро машҳуртар гардонем.

 

Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ,
сардабири маҷаллаи «Пайванд»

Июль 27, 2016 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст