Аҳамияти робитаҳои фарҳангиву дӯстонаи Чин ва Тоҷикистон баррасӣ шуд
Душанбе, 07.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмиллалии Кумитаи Ҳизби Коммунистии Чин дар вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ муовини нозири шуъбаи номбурда Хуан Хуймин дар бораи аҳамияти робитаҳои фарҳангиву дӯстонаи Чин ва Тоҷикистон зикр намуд, ки мақсад аз ташрифи онҳо ин даъват кардани Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳайъаташ ба Якумин намоишгоҳи байналмиллалии Экспо «Роҳи Абрешим» аст.
Меҳмонон инчунин зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари асосии даъватшуда аст ва барои ҶМЧ муносибатҳои фарҳангӣ бо кишвари мо аҳамияти хосса дорад.
Тибқи изҳороти Хуан Хуймин ба намоишгоҳ 72 давлат даъват шуда, аллакай 32 вазирони фарҳангҳои кишварҳои дигар иштироки худро тасдиқ кардаанд.
Шамсиддин Орумбекзода низ аҳамияти робитаҳои дуҷонибаро бо кишвари дӯсту ҳамсояи Чин барои Тоҷикистон зикр карда, иброз дошт, иштирок дар намоишгоҳи мазкур барои боз ҳам мустаҳкамтар кардани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.
Якумин намоишгоҳи байналмиллалии фарҳангии ЭКСПО «Роҳи Абрешим» 21-22 сентябр дар шаҳри Дунхуани ҶМЧ баргузор мегардад ва дар он вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода иштирок хоҳад кард.
Дар намоишгоҳи мазкур самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар минтақа баррасӣ мегарданд.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






