Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба зарардидагони офати табиӣ кумак намуд

Июль 7, 2016 14:54

Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Фонди хайрияи Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба 18 нафар эҳтиёҷмандон ва ба 45 оилаи зарардидагони офати табиии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ба миқдори 274145,60 сомонӣ кумак расонида шудааст.
Ба иттилои масъулини Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби «Фонди хайрия» инчунин ба Шӯрои собиқадорони ҳарбии вилоят кумакҳо расонида шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Фонди хайрияи Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ барои ҳаллу фасл намудани масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, боз ҳам мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои аз буҷети вилоят маблағгузоришаванда, дастгирии моддии шаҳрвандони камбизоат, яккаву танҳо, маъюб, собиқадорони ҷангу меҳнат фаъол гардида буд.

Июль 7, 2016 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад