Алан Касаев: Тоҷикистон ватани дуввуми ман аст
Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Алан Касаев яке аз бозингарони шинохтаи КФ«Локомотив»-и Маскав, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, бо ҳайати «Локомотив» барои вохӯрии дӯстона бо «Истиқлол»-и Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон омада буд.
Алан 8 апрели соли 1986 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омада, ҳамчун футболбоз дар бошишгоҳҳои «Титан», «Шинник», «Зенит», «Алания», «Кубан», «Рубин», «Динамо»-и Маскав ва «Локомотив» ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 2008 дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Русия ва соли 2011-2012 узви дастаи мунтахаби Русия-2 ба шумор мерафт.
Дар сӯҳбат Алан Касаев ба АМИТ «Ховар» гуфт: « Ватани дуввум будани Тоҷикистонро хуб эҳсос мекунам. Солҳои зиёд ба ин ҷо наомадаам. Аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик бозингарону мураббиёни «Локомотив» дар ҳайратанд. Моро хеле олӣ пешвоз гирифтанд. Бисёр савол медиҳанд, ки ман дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карданӣ ҳастам ва ё не? Ба ин савол ҷавоб додан ниҳоят душвор аст. Ман таҳти назари роҳбарони тими мунтахаби Русия қарор дорам ва масъалаҳое ҳастанд, ки аз ман бастагӣ надоранд. Мебинам, ки футбол дар ин ҷо хеле пешрафта аст».
Ёдрас мешавем, ки дар бозии дӯстона, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, дастаи «Локомотив» бо натиҷаи 2:1 дастаи «Истиқлол» -ро мағлуб кард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






