Алан Касаев: Тоҷикистон ватани дуввуми ман аст

Июль 1, 2016 17:02

Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Алан Касаев яке аз бозингарони шинохтаи КФ«Локомотив»-и Маскав, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, бо ҳайати «Локомотив» барои вохӯрии дӯстона бо «Истиқлол»-и Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон омада буд.
Алан 8 апрели соли 1986 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омада, ҳамчун футболбоз дар бошишгоҳҳои   «Титан», «Шинник», «Зенит», «Алания», «Кубан», «Рубин», «Динамо»-и Маскав ва «Локомотив» ҳунарнамоӣ кардааст.  Соли 2008 дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Русия ва соли 2011-2012  узви дастаи мунтахаби Русия-2 ба шумор мерафт.
Дар сӯҳбат Алан Касаев ба АМИТ «Ховар» гуфт: « Ватани дуввум будани Тоҷикистонро хуб эҳсос мекунам. Солҳои зиёд ба ин ҷо наомадаам. Аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик бозингарону мураббиёни «Локомотив»  дар ҳайратанд.  Моро хеле олӣ пешвоз гирифтанд. Бисёр савол медиҳанд, ки ман дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карданӣ ҳастам ва ё не? Ба ин савол ҷавоб додан ниҳоят душвор аст. Ман таҳти назари роҳбарони  тими мунтахаби Русия қарор дорам ва масъалаҳое ҳастанд, ки аз ман бастагӣ надоранд. Мебинам, ки футбол дар ин ҷо хеле пешрафта аст».
Ёдрас мешавем, ки дар бозии дӯстона, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, дастаи «Локомотив» бо натиҷаи 2:1 дастаи «Истиқлол» -ро мағлуб кард.

Июль 1, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд