Ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат

Июль 13, 2016 16:32

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаи вобаста ба лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба масъалаҳои асосии рӯзнома, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, манбаҳои асосии ҷамъоварии андоз ва имконияти воқеии пардохтпазирии субъектҳои андозсупоранда ва нақшаи дурнамои пардохтҳои гумрукӣ барои солҳои 2017-2019 роҳбарони аввали вазорату идораҳои бахши иқтисодии мамлакат баромад намуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 маъқул дониста шуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав такмил дода, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

Июль 13, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад