Ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар самти кам кардани хатари офатҳои табиӣ густариш меёбад

Июль 13, 2016 15:32

Душанбе, 13.07.16. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи баргузории ҷаласаи аввалини Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода як қатор вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуд.
Тавре корманди маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова хабар дод, вохӯрии аввал бо муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Саид Ҷалолиддини Алавӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла дурнамои ҳамкории минбаъда ва табодули назар дар бораи тадбирҳо оид ба ҳамкории самарабахши миёни кумита  ва ЭКО баррасӣ шуд.
Вохӯрии навабатии раиси кумита  бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба ҳолатҳои фавқулодда Роберт Глассер доир шуд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи  лоиҳаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид ва Тоҷикистон оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар бораи хабардор кардани аҳолӣ аз хатар ва таҳдидҳо, омӯзиш ва бозомўзии кормандон баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ бо роҳбарони як қатор барномаҳои СММ, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, оид ба ҳамкории минбаъда ва густариши он дар соҳаи идоракунии хавф мулоқот баргузор шуд.
«Чунин ҳамкории муштарак барои рушди минбаъдаи фаъолияти якҷояи мо дар рафъи офатҳои табиӣ замина хоҳад гузошт», — гуфт раиси кумита пас аз музокирот.
Дар мулоқот бо роҳбарони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (UNDP), ташкилоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF), Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории СММ масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва давом додани ҳамкории зич дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари кумита Р. Назарзода ба роҳбарони ташкилоти байналмилалӣ, ки ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаслҳои баҳор ва тобистон рух доданд, барои кумаки саривақтӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Аз ҷумла, ӯ таъкид кард: «Мо хеле миннатдорем барои кумак, ки шумо ба аҳолии зарардида ба таври фаврӣ расонидед».
13-14 июли соли 2016 кори Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ  оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ идома хоҳад дод. Дар ин рӯзҳо тренинг барои тренерон бо иштироки аъзои Платформа ба нақша гирифта шудааст.
Дар омӯзиш оид ба консепсия ва нақшаи чорабиниҳо барои таҳкиму густариши ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар самти кам кардани хатари офатҳои табиӣ, ки он дар асоси «Барномаи қолабии Сендай» амалӣ мешавад, баргузор мегардад.

Июль 13, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад