Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ: «Қурби мубодилавии сомонӣ дар бозори асъор устувор гардид»

Июль 25, 2016 15:51

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар/.  Қурби  расмии асъори миллӣ,  сомонӣ  нисбат ба доллари амрикоӣ аз аввали сол то  30 июни соли равон 10,7 % коҳиш ёфт, ки аз он 10,4 % ба моҳи январ ва 0, 3 % ба моҳи феврал рост омада, дар чор моҳи охир қурб тағйир наёфтааст.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки  қурби мубодилавии сомонӣ бо андешидани чораҳои  таъсиррасон барои таъмини вазъи  муътадили бозори  дохилии асъор  устувор гардид, ки  ин ба раванди муътадили тағйирёбии сатҳи  нархҳо заминаи мусоид гузошт.
Дар нишасти хабарӣ зикр шуд,  ки  дар ин давра, қурби доллари  нақдии амрикоӣ 4,1 % баланд шуда,  дар ҳоле ки дар ҳамин давраи  соли гузашта он беш аз 13% афзоиш дошт. Тафовути байни  қурби расмӣ  ва қурби доллари  нақдии амрикоӣ 17,5 %  то ба 0,3 % коҳиш ёфта, минбаъд  дар ҳудуди то ду фоиз  ба танзим  дароварда мешавад.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода таъкид кард, ки Бонки  миллии Тоҷикистон дар ин давра  бо мақсади коҳиш додани  таъсири манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, сиёсати  самарабахши   пулию  қарзӣ ва асъории  худро ҷиҳати таъмини  рушди муътадили ҳаҷми пул  дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии  нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат  ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Июль 25, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад