Азим Иброҳим: Мақсад — бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва солимии шаҳрвандон

Июль 7, 2016 11:42

Душанбе, 07.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим баргузор гардид.
Муовини Сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъул – таъминкунандагони бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, вобаста ба рафти иҷрои Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 пурсиш ба амал овард.
Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои ботулизм ба қайд гирифта шуда, мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо сабабгори фавти мардум гаштааст. Ин ҳодисаҳо бо сабаби истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёркардашуда ба вуқуъ пайвастаанд.
Аз ин лиҳоз, муовини Сарвазир супориш дод, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор Дастурамал доир ба бехатар тайёр намудани консерваҳои дар шароити хона тайёршаванда омода намуда, ба аҳолӣ пешкаш карда шавад.
Дар ҷаласаи Шӯро оид ба суст ҷорӣ кардани низоми НАССР ва стандарти ИСО 22000 раиси Шӯро, муовини Сарвазир изҳори нигаронӣ кард. Зеро то имрӯз аз 457 корхонаи саноати хӯрокворӣ ҳамагӣ 13 корхона низоми мазкурро ҷорӣ карда, 3 корхона соҳиби сертификат шудаанд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрока ва сиҳатии аҳолӣ» бояд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мегардид, аммо Вазорат ба кашолкорӣ роҳ дода, то ҳол Низомномаро манзур накардааст. Аз ин лиҳоз, дар Шӯро диққати роҳбарияти Вазорат доир ба ин масъала ҷалб карда шуд.
Ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбӣ ва баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон тавассути иштирок дар курсҳои бозомӯзии дохилию байналмилалӣ муовини Сарвазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, пурзур намудани назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 Нақшаи кории Шӯро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қабул карда шуд.

Июль 7, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад