Ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ

Июль 1, 2016 15:29

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷамоати шаҳраки С. Исоеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ се майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол (2 адад), волейбол (1 адад)  ва як иншооти махсуси варзишӣ барои бозиҳои билярд (сақобозӣ) ва тенниси рӯи миз, ки бо ташаббуси соҳибкор Хайриддин Сироҷов сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар маросими ба истифодадиҳии он раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло суханронӣ намуда, зикр кард, ки ин иншоотҳо дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаест барои насли наврас ва ҷавонони ноҳия.
Ҳамчунин зикр гардид, ки  дар  Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни духтарон, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тими ноҳия-дастаи «Хатлон 1» ширкат варзида, ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ба ин мақсад раиси ноҳия ғолибони чемпионатро бо Ҷом, ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ намуд.
Инчунин, дар ин рӯз ба ду нафар ҷавони маъюб кӯмаки яквақтаинаи пулӣ  расонида шуд.

 

Июль 1, 2016 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд