Ба пурсишҳои хабарнигорон Шермуҳаммади Шоҳиён, Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафаралӣ Наҷмиддинов посух медиҳанд
Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба (оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳа ва солонаи фаъолият доир карда мешаванд, идома доранд.
18-уми июл нишастҳои матбуотии Суди олӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи нафақа баргузор мешаванд.
Нишасти хабарии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директории он Сафаралӣ Наҷмиддинов дар толори «Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ”, воқеъ дар ошёнаи дуюми бином Маркази Тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад. Оғоз: соати 09:00.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон дар толори ин ниҳод ба суолҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.
Оғози нишаст: соати 14:00.
Бақайдгирии хабарнигорон соати 13:00.
Ҳамчунин дар ин рӯз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон тибқи нақша нишасти матботӣ доир менамояд ва раиси ин ниҳод Раҷаббой Ахмадзода ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавоб хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






