Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей

Июль 15, 2016 08:16

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати таъин гардиданатон ба вазифаи сермасъули Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Ҷониби Тоҷикистон густаришу таҳкими равобити ҳасана бо Британия Кабирро  самти муҳимми  сиёсати хориҷии кишвари худ медонад ва ба ояндаи онҳо аз диди нек назар меафканад.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи дӯстӣ  ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид  шуда, мазмуну мундариҷаи фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати  саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатмандии комилу бахту иқболи тоза,  пирӯзиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаашон ва  ба   мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида — рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

Июль 15, 2016 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд