Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд.
Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зишти неруҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Франсия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем».








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






