Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Март 14, 2026 13:45

ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон муҳтарам Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Хабари даргузашти сиёсатмадори маъруф, муовини Сарвазири Cалтанати Умон Сайид Фаҳд ибни Маҳмуд Оли Саид боиси ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳуми олиқадр бо фаъолияти доманадори худ дар мансабҳои баландпояи давлатӣ дар раванди рушду пешрафти давлати Умон саҳми босазо гузошта, дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он обрӯву эҳтироми шоиста пайдо карда буд.

Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Умон қадр мекунем ва дар хотир хоҳем дошт.

Бинобар ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Умон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Парвардигори маннон барои пайвандону наздикони шодравон шикебоӣ ва сабри ҷамил мехоҳам».

Март 14, 2026 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон