Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бинои нави таълимии 7- табақа бунёд мегардад
Хоруғ, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ВМКБ зимни машварати навбатӣ ба мутахассисони соҳаи заминсозӣ дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳ ҷиҳати бунёди бинои таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев китъаи замин ҷудо намоянд. Ин бино аз 7 қабат иборат буда, бо пешниҳоди мутахассисони заминсоз дар маҳаллаи Тирчид сохта хоҳад шуд, зеро дар ҳамин маҳалла ду хобгоҳи донишҷуён мавҷуд аст ва дар оянда бунёди боз ду хобгоҳи дигар дар назар аст. Дар оянда ин мавзеъ ба шаҳрчаи донишҷӯён табдил меёбад.
Дар айни ҳол донишҷӯён дар биноҳои мухталифи шаҳр, ки аз ҳам дур ҷойгиранд ва ба талаботи муосири илмомӯзӣ ҷавобгӯ нестанд, таълим мегиранд. ДДХ ба номи М Назаршоев ягона муассисаи олии вилоят ба шумор рафта, дар он беш аз 4 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






