Баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон дар Ереван
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 июли соли 2016 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни сафар С. Аслов бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эдвард Налбандян мулоқот доир кард.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо оид ба тасмимгирӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсии дуҷониба, равобити байнипарламентӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо оид ба доираи васеи муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ ибрози назар карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






