Бонки «Эсхата» барои самаранокии истифодаи барқу идоракунии замин қарзҳо пешниҳод мекунад

Июль 26, 2016 08:27

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барномаи нави маблағгузориро, ки барои паст кардани оқибатҳои тағйироти иқлим равона карда шудааст, роҳандозӣ намуд. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома Бонки «Эсхата» аз БАТР транши аввали маблағгузориро барои соҳаи хоҷагии қишлоқ, саноат ва соҳибмулкон дарёфт намуд.
Кибриё Аҳмадҷонова, масъули Бонки «Эсхата» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки ин маблағҳои қарзӣ барои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтарсозии технологияҳои устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим муқаррар шуда, мақсади асосӣ тақвияти устуворӣ ба тағйироти иқлими соҳаи хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Тартиби маблағгузорӣ ба устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон таҳти унвони «климадапт» аз тарафи БАТР ва хазинаҳои сармоягузорӣ оид ба иқлим коркард шудааст. «Климадапт»-қарзҳо барои соҳибмулкон, соҳибон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  дастрас буда, барои харидориву насби таҷҳизот ва технологияҳои махсуси аз тарафи гурӯҳи «климадапт» тасдиқ гардида пешбинӣ шудааст. Барои Бонки «Эсхата» маблағҳои ҷалбшуда-ин захираҳои зарурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣиқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва соҳибмулкон, ҳамзамон ба даст овардани мақсадҳои умумӣ оид ба нигоҳ доштани иқлим, ҳифзи муҳити атроф ва рушди босубот маҳсуб меёбад», — тазаккур дод К. Аҳмадҷонова.
Бояд зикр кард, ки деҳқонон ва фермерон метавонанд барои насби низомҳои нави обёрикунии қатрагӣ (ирригатсионӣ) бунёди боғҳои нав ва гармхонаҳо, кофтани чоҳҳои амудӣ, азнавсозии қубурҳои обгузар, насосу мил ва низоми тақсимоти об маблағҳои қарзӣ гиранд. Корхонаҳои хурду миёна, соҳибмулкон ва шахсони воқеӣ бо гирифтани маблағи қарзӣ метавонанд мушкилоти дар давраи зимистон пешомадаро бартараф намоянд.

Июль 26, 2016 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид