Бозиҳои дӯстонаи тими миллии мамлакат вориди ҷадвали бозиҳои расмии ФИФА гардиданд

Июль 19, 2016 09:37

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бозиҳои дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Сурия (27.08 2016), Фаластин (6.09 ва 03.10.2016) ва Туркманистон (9.11.2016) ба ҷадвали баргузории бозиҳои расмии ФИФА шомил шуданд.
Ба ҳамин тартиб футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Сурия 27-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 000 тамошобин мебарад, қувва месанҷад.
Тими мунтахаби Сурия муборизаро барои роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳони соли 2018, ки дар Русия мегузарад, идома медиҳад ва 1 сентябр дар ин самт бо тими мунтахаби Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд вориди рақобат мешавад. Тибқи радабандии нави FIFA Сурия дар мақоми 104 ҷойгир шудааст.
Вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе гузаронида хоҳад шуд. Туркманистон дар зинаи 120-уми таснифоти FIFA қарор дорад.
Тавре пештар хабар дода будем, миллипӯшони кишварамон 6 сентябр бо тими мунтахаби Фаластин дар сафар ва 3 октябр дар шаҳри Душанбе ду бозии дӯстонаю таҷрибавии худро баргузор менамоянд.

Июль 19, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд