Брифинг оид ба ҳамоиши «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» дар ш. Ню Йорк
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар бинои Намояндагӣ дар ш. Ню-Йорк 8 июл брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонга, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), Фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.
Брифингро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ифтитоҳ намуда, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба ҳамоиши болозикр расонид ва изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард.








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






