Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд

Октябрь 29, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи конфронс масъалаҳои густариши ҳамкории байнишаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва рушди устувор баррасӣ гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии конфронс ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷоизаи «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China) супорида шуд. Ҷоиза аз ҷониби Ассотсиатсияи халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи шаҳрҳои байналмилалии дӯстии Чин тақдим гардид.

АКС:  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд