Чашмандози мухтасари ҳаёти динӣ дар даврони Истиқлолият

Июль 22, 2016 17:46

Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣдар Тоҷикистон плат­фор­­маи иделогӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин куллан тағйир ёфт. Барҳам хўрдани иқтисодиёти планӣ нуфузи идеологияи марксизм-ленинизм ва атеизми илмиро ҳам аз байн бурд. Дар ҷумҳури­ҳои пасошў­ра­вӣ буҳрони иқтисодӣ ва халои сиёсии бузург ба вуҷуд омад. Дар ҳамин вазъияти парокандагӣ ҳар киш­вар зарурат пеш омад, ки роҳи рушди ояндаи худро муайян кунад. Дар Тоҷикистон се нерў – сохтори мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ, зиёиёни миллатгаро ва рўҳониёни исломгаро ба саҳнаи муборизаи сиёсӣ ворид шуданд.

  1. Заминаҳо

Маълум аст, ки ҳар гуна гузариш бунёди инфрасохтори ба худ созгор, аз ҷумла дар бахши ҳаёти диниро тақозо менамояд. Дар оғози истиқло­лият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид вуҷуд дошт, ки онҳо дуруст фаъолият намекарданд. Мушкилиҳои сиёсӣ ва вазъи ноороми амниятӣ – ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ва вазъи ноороми Афғонистон барои мутобиқ шудан ба шароити нав имкон надоданд. Солҳои 1992-97 роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва динию мазҳабиро дар доираи қонунгузории давлати дунявӣ ба танзим даровард. Дар натиҷа «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

  1. Тадбирҳо

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳаёти динии ҷомеа як идда санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуд ва ниҳодхои сохторӣ ташкил шуданд. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам ва гимназияҳои таълими динӣ барои ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва исломшиносӣ таъсис ёфтанд.

Ҷиҳати таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон таъсис ва бунёди иттиҳодияҳои динӣ, масҷидҳо, мадрасаҳо, тармими ҷойҳои мукаддас ба роҳ монда шуд ва он хамчун оғози гардиши нав дар ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф гардид.

  1. Вазъи кунунӣ: дастовардҳо, чолишҳо ва хатарҳо
    1. Дастовардҳ
    о

Табъу нашри адабиёти хусусияти илмӣ-динӣ ва мазхабӣ-маърифатӣ дошта масъалаи муҳим маҳсуб мешуд. Нахуст маводи аввалия дар шакли китобчаҳои хурд ба табъ расиданд, ки барои дуруст маънидод кардани заруриёти динӣ ва аркони асосии ислом лозим буданд. Сипас ҳукумати кишвар ба нашри осори исломӣ иқдом намуд. Нахуст сарчашмаҳои муҳими илмӣ-динӣ – “Таърихи Табарӣ”, “Кимиёи саодат”, “Эҳёи улуми дин”, “Маснавии Маънавӣ”, “Равзату-с-сафо” ва девони комили як идда шоирони классикӣ ба мардум пешниҳод гардид. Ин тадбирҳо барои пешгирии ифротгароӣ ва сиёсикунонии ислом нақши муҳим бозиданд. Пас аз ин чопи тарҷумаи Қуръону аҳодис ва осори илмии Имоми Аъзам Абўҳанифа дастраси оммаи васеи хонандагон гардид, ки барои оромии ҷомеа мусоидат карданд.

Акнун барои анҷом додани анъанаву маросим ва таҷлили иду ҷашн­ҳои динию миллӣ – Наврӯз, иди Фитр, иди Азҳо, Меҳргон, Сада шароити хуб фароҳам оварда шуд. Таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои тоҷикон дар соли 2009 воқеан исбот кард, ки тоҷикон миллати фарҳангсолор ва пуштибони арзишҳо ва муқаддасоти воқеии дини мубини ислом ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба зиёдаравӣ ва ифротгароии динӣ роҳ намедиҳанд. Бозгашти ҷашни Наврўз ба ҳаёти мардум мувозинати некўи арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъмин намуд.

  • Чолишҳо

Сиёсати «бозсозӣ» баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ҳам хотима наёфт. Акнун кишварҳои абарқудрат ғояҳои идеоло­гии ҳамин сиёсатро бо тарҳу мазмуни нав дар давлатҳои Ховари Миёна истифода бурда истодаанд. Мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ мубаддал гардид ва ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани Ховари Миёна ҳосил гардид. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норизо ва ноком бошад, шефтаву фирефтаи ваъдаҳои ДИИШ мешавад. Идеяи «муртазиқа» (сарбози муздур)-и дар оғози ислом пайдошуда эҳё шуд, ки экзотикаи он шаҳрвандони тамоми оламро ба худ ҷалб карда истодааст. Шаҳрвандон ва ҷавонони Тоҷикистон низ дар низоъхои сиёсӣ-динии кишварҳои арабӣ ширкат доранд.

  • Хатарҳои берунӣ

Ҳоло таъсири хатарҳои берунӣ низ ба вазъияти ҷумҳурии мо бузург аст. Имконпазир будани табодули афкор, таълимот, интиколи маблағ ва шакл­­ҳои гуногуни дастгирии ҳаракатхои ифротӣ татбиқи ин хатарҳоро осон мегардонад. Баҳогузории нодуруст ва муғризонаи расонаҳои итти­лоо­тӣ дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сабаби ноором шудани вазъият шуда метавонад. Вазъи сиё­сӣ дар Афғонистон омили нооромӣ дар кишварҳои минтақа ва Тоҷи­кис­тон боқӣ мемонад. Фирефта ва ба са­фи соз­мон­­ҳои ифротӣ пайвастани муҳоҷирони корӣ низ хатарҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

  • Хатарҳои дохилӣ

Дар баробари ин проблемаҳо ва хатарҳои дохилӣ низ мавҷуданд. То ҳанўз савод­но­кӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгў нест. Андешаҳои бегона аз ҷониби толибилмони донишгоҳ ва мадориси динии хориҷӣ ба хотири тасарруфи фазои динӣ ва коҳиш додани арзишҳои мероси динӣ-мазҳабии ниёгон роҳандозӣ меша­вад. Идома ёфтани гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон, аҳзоб ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозад.

  1. Хотима

Мавқеи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дини ислом комилан некбинона аст. Ислом ба терроризм ягон робита надо­рад. Бинобар ин дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубо­ри­за бо дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан на­до­рад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гу­зо­ш­тан хатои бузург аст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳу­вия­ти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон саъю талош менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб ба таҷрибаи сулҳ ва кон­сеп­си­яи ваҳдати миллӣ такя мекунад. Мо эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ ҳанўз аз тактикаи дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳам­чун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст на­ка­ши­да­анд. Идома ёфтани ин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҷомеаҳои арабию мусулмонӣ таъсир расонида, ҳар лаҳза метавонад ҳам­зис­тии онҳоро халалдор созад. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфи­ат­ҳои давлат­до­­рии миллӣ, пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода барем.

Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 22, 2016 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд