Дар бунёди иншоотҳои ҷашнии Роғун зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардидаанд
Роғун, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Таъмиру таҷдиди роҳи 11- километрае, ки маркази шаҳри Роғунро ба шоҳроҳи «Душанбе-Лахш» пайваст мекунад, моҳҳои наздик оғоз мегардад». Ин нуқта зимни нишасти матбуотии шаҳри Роғун таъкид гардид. Ба маълумоти роҳбарияти шаҳр, ин роҳ аз даврони шӯравӣ то имрӯз таъмир нагардидааст ва ба ронандаҳо душворӣ ва мушкилотро пеш овардааст.
Ба иттилои роҳбарияти шаҳри Роғун, бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти ҷашнӣ, аз қабили таъмиру васеъ намудани 1,5 км роҳи маркази шаҳр, бинои маъмурии баландошёна, дарвозаи шаҳр, бунгоҳи тиббӣ, 2 адад майдончаҳои варзишӣ ва боғи фарҳангии шаҳр идома дорад, ки дар сохтмони онҳо зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






