Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба кори худ шурӯъ кард
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Дар конфронси байналмилалӣ, ки масъулияти баргузории он ба зиммаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои маориф, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, мушовири Дабири кулли СММ оид ба ҳолатҳои фавқулода ширкат меварзанд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс, татбиқ намудани тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» буда, оид ба ҳамкории минтақавӣ дар самти паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои вокуниши саривақтӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он ва дигар масоили вобаста мавриди муҳокимаву баррасии иштирокдорони конфронс қарор дода мешаванд.
Дар назар дошта шудааст, ки вобаста ба натиҷаҳои рӯзи нахустини кори конфронс имрӯз соати 17 дар меҳмонхонаи Хайят-реҷенси Душанбе барои хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ давоми ду рӯз идома меёбад.
Хотиррасон мешавем, ки «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» моҳи марти соли 2015 дар Ҷопон қабул карда шуда, он барои мусоидат кардан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар бахши пешгирӣ кардан ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.













Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






