Дар Душанбе муаррифии либоси ягонаи варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мегардад
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси ягонаи тими миллии кишвар дар Бозиҳои тобистонаи олимпиро муаррифӣ мекунад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, расми муарифии либоси варзишгарон шанбеи 23 июл дар бинои Кумита баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро-2016, 7 варзишгар Дилшод Назаров (гурзандоз), Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзю-до), Анвар Юнусов (муштзан), Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов (шиноварӣ) ва Кристина Пронженко (дав) намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






