Дар Конибодом пирамарди 71-сола ҳамсояашро ба қатл расонд

Июль 18, 2016 10:49

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми июл зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 71-солаи сокини шаҳри Конибодом, нафақахӯр бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, бинобар сабаби хусумат доштан нисбат ба ҳамсояаш марди 65-сола, маъюби гӯруҳи 2-юм, бо ӯ муноқиша намуда, аз яроқи шикории тамғаи ИЖ-16, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба муқобили ӯ як маротиба тир холӣ карда, захмӣ намудааст. Сипас, корд гирифта, се маротиба ба қисмати шикам ва қафаси синаи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа марди 65-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июль 18, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад